Мусаввараи аз ҷониби рассоми чинӣ Ҷин Шанъи офарида бо номи «Арӯси тоҷик» (Таджикская невеста) дар музояда ба маблағи қариб 14 млн. доллари ИМА ба фурӯш рафт.

Бино ба иттилои хабаргузории чинии «Синьхуа», ин барои ширкати чинии музоядавии «Тсзяде» рекорди нав дар муддати 20 соли фаъолият дар фурӯши мусаввараву намунаҳои ҳайкалтарошӣ арзёбӣ гардидааст.

Гуфта мешавад, асари рассоми Чин дар рӯзи нахуст нархи аввалааш 9 млн. юан муқаррар шуда, дар ниҳояти кор ба маблағи 85,1 млн. юан (13,9 млн. $0 ба фурӯш рафтааст. Ҳамчунин ин мусаввара гаронтарин асари ин рассом унвон шудааст.