Литсейҳои тоҷикӣ-туркӣ дар Тоҷикистон ба «Мактабҳо барои хонандагони болаёқат» табдил дода мешаванд.Аллакай аз соли нави хониш мақоми ин муассисаҳои таълимӣ, тарзи таълим дар онҳо ва ҳамчунин барномаҳои дарсӣ тағйир меёбанд. Ғайр аз ин, ширкати туркии «Шалола», ки муассиси шабакаи литсейҳои тоҷикӣ-туркӣ дар Тоҷикистон аст, аз мақоми муассис маҳрум карда мешавад.

Сардори Раёсати таълимоти томактабӣ ва мактабии Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон Абдуҷаббор Алиев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки акнун аз барномаи таълимии ин мактабҳо дарси забони туркӣ хориҷ гардида, вале низоми таълим дар онҳо чун пештара дар сатҳи хушсифат боқӣ мемонад. «Дар ин бора қарор қабул шуд, вале то ҳанӯз ҳеҷ санаде ба имзо нарасидааст», - иброз дошт ӯ.

Алиев илова намуд, ки Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ба тамдиди муҳлати қарордодҳо бо омӯзгорони фанҳои дақиқи литсейҳо  ва ҳамчунин ба даъвати омӯзгорон ба литсейҳо аз Покистону Русия омода аст.

Дар робита ба тақдири минбаъдаи ширкати «Шалола» ӯ зикр кард, ки танҳо баъди имзои созишнома миёни ҳукумат ва ширкат маълум хоҳад шуд, ки вазифаҳои минбаъдаи он аз чӣ иборат хоҳанд буд.

Абдусаттор Наҷмиддинов, директори генералии литсейҳои тоҷикӣ-туркӣ дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки тайи моҳи ахир бо раҳбарияти Вазорати маориф ва илм доимо вомехӯранд.

«Дар бораи табдили литсейҳои тоҷикӣ-туркӣ аллакай қарор қабул шудааст, вале алҳол тамоми ҷузъиёти он мушаххас нест. Бо ширкати «Шалола» низ то ҳол қарордод ба имзо нарасидааст, матни созишномаи навро мо надидаем ва маълум нест, ки ширкати мо кадом вазифаро иҷро мекунад», - таъкид дошт ӯ.

Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон 6 литсей-интернатҳои муштараки тоҷикӣ-туркӣ амал мекунанд.  Ин литсейҳо дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа ва Хуҷанд фаъолият мекунанд. Айни замон директорони литсейҳои тоҷикӣ-туркӣ дар шаҳрҳои Турсунзодаву Кӯлоб ва Хуҷанд шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.

Ҳамчунин мебояд гуфт, ки ширкати «Шалола» соли 2013 ба маблағи беш аз 5 млн. сомонӣ андлоз пардохт намуд. Ғайр аз ин, муддати 10 соли фаъолият толибилмони литсейҳои тоҷикӣ-туркӣ дар олимпиадаҳои байнулмилалӣ 484 медал ба даст оварданд, ки 88-тои он тилло, 130-тоаш нуқра ва 266-тоаш медалҳои биринҷӣ аст.

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти ВАО, ширкати «Шалола» зери нуфузи ҳаракати «Хизмет» қарор дорад, ки муассиси он ходими динии фирории турк Фатҳуллоҳ Гюлен мебошад ва айни замон ӯ дар ИМА иқомат дорад. Дар Туркия алайҳи ӯ дар робита ба кӯшиши тағйири сохти давлатӣ парвандаи ҷиноӣ боз шуда, Ф.Гюлен ба ҷустуҷӯи байнулмилалӣ эълон шудаст. Ахири соли гузашта  дар рӯзномаи маъруфи чопи Олмон «Зюддойче цайтунг» (Süddeutsche Zeitung) мусоҳибаи Фатҳуллоҳ Гюлен   интишор шуд.

Радиои «Озодӣ» иттилоъ медиҳад, ки рӯзномаи туркии "Daily Sabah" дар шумораи 19 майи худ навиштааст, Раҷаб Таййиб Эрдуғон -- раисиҷумҳури Туркия аз раҳбарони чанд кишвар, аз ҷумла сарони Озарбойҷон, Сенегал, Габон, Косово, Конго, Қазоқистон, Сомалия, Ҷопон ва Тоҷикистон хостааст, ки фаъолияти мактабҳои зери ҳимояти ҳаракати "Хизмет"-ро маҳдуд намоянд.