Арзиши иҷозатнома барои сиёҳкунии шишаҳои автомашина (тонировка) дар Тоҷикистон аз 1 январи соли равон 25% афзуд. Ин ба болоравии ҳаҷми нишондиҳандаҳо барои ҳисоб аз оғози сол вобаста аст.

Сардори шуъбаи назорати техникии Раёсати БДА ВКД Тоҷикистон Ашӯр Салимов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки акнун барои гирифтани иҷозатномаи сиёҳкунии шишаи автомобили истеҳсоли то соли 2004 - 2,5 ҳазор (пештар - 2 ҳазор) сомонӣ ва автомашинаҳои истеҳсоли соли 2005 ва баъди он - 3,1 ҳазор (қаблан - 2 ҳазору 480) сомонӣ маблағ мебояд пардохт намуд.

Ба гуфтаи Салимов, афзоиши нархи иҷозатнома барои сиёҳкунии шишаҳои автомашина бевосита ба болоравии ҳаҷми нишондиҳанда барои ҳисоб аз аввали сол марбут аст.

«Соҳибони автомашинаҳои истеҳсоли то соли 2004 чун пешина барои сиёҳкунии шишаҳо 50 нишондиҳанда барои ҳисоб ва автомашинаҳои истеҳсоли соли 2005 ва баъди он - 62 нишондиҳанда барои ҳисоб пардохт мекунанд», - иброз дошт ӯ.

Қобили зикр аст, ки ҳаҷми нишондиҳанда барои ҳисоб дар Тоҷикистон аз 1 январи соли ҷорӣ аз 40 то 50 сомонӣ зиёд шуд.

Иҷозатнома барои сиёҳкунии шишаҳои автомобил ба муҳлати як сол дода шуда, хоҳишмандони дароз кардани ин муҳлат бояд бори дигар маблағ пардохт намоянд. Ин маблағҳо аз соли 2010 ба суратҳисоби махсуси сохтмони нерӯгоҳи Роғун гузаронида мешаванд.

Иҷозатнома дар шуъбаҳои Бозрасиии давлатии автомобилӣ дода мешавад. Баъди гирифтани иҷозатнома моликони автомашинаҳо ба тарзи дилхоҳ ва бидуни маҳдудият шишаҳои онро ранг карда метавонанд. Аммо шишаи пеши автомашина бояд шаффоф буда, танҳо ба сиёҳкунии 20 сантиметри болои он иҷозат дода мешавад.

Аз соли 2000 то соли 2010 дар Тоҷикистон сиёҳкунии шишаҳои автомашина манъ буд. Ин ба вазъи иҷтимоиву сиёсӣ дар кишвар ва мубориза бо афзоиши ҷинояткорӣ вобаста буд. Танҳо сарвари давлат, нахуствазир ва раисони ҳарду палатаҳои парлумон ба чунин имтиёз соҳиб буданд.