Шӯрои ҷумҳуриявӣ ва шаҳрии собиқадорони ҷангу меҳнат рӯзи 9 май баргузор намудани чорабинӣ (аксия)-и «Полки ҷовидон» (Бессмертный полк) дар шаҳри Душанберо ба нақша гирифтаанд.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнати ҷумҳурӣ хабар доданд, ин чорабинии тантанавӣ, ки бори нахуст дар сатҳи давлатӣ доир мегардад, субҳи рӯзи 9 май дар майдони 800-солагии Маскави пойтахт оғоз гардида, тариқи хиёбони Рӯдакӣ раҳпаймоӣ мекунад ва дар Боғи Ғалаба ба итмом мерасад.

Ҳадафи аслии ташкили гузашту раҳпаймоиҳо дар доираи чорабинии «Полки ҷовидон» ҳифзу нигаҳдории хотираи насли замони ҷанг дар ҳар як оила аст.

Ташкилкунандагони чорабинӣ аз ҳама дархост доранд, ки ба ин иқдом ҳамроҳ шаванд. Дар ин чорабинӣ ҳамаи хоҳишмандон бо акси бобову падарон, хешовандону дӯстон ва ҳамсафонашон дар набардҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ, коргарони ақибгоҳ, асирони мубориз барои зинда мондан дар конслагерҳо иштирок карда метавонанд.

Аз Маркази илму фарҳанги Русия «Россотрудничество» хабар доданд, ки ба кумак ҷиҳати омода кардани аксу суратҳо омодаанд. Барои аксу суратҳое, ки иштирокчиёни чорабинӣ дар дасташон бо онҳо раҳпаймоӣ мекунанд, меъёру андозаи муайян муқаррар нашудааст. Муҳимаш - акси собиқадор, ному насаб ва ҳамчунин унвон (рутба)-и ӯ (агар маълум бошад) мавҷуд бошад.

Аллакай 20 нафар бо дархости омода кардани аксҳои наздикону пайвандонашон, ки солҳои ҶБВ муқобили Олмони фашистӣ ҷангидаанд, ба «Россотрудничество» муроҷиат кардаанд.

Дар чорабинии соли гузаштаи «Полки ҷовидон», ки бори нахуст дар майдони Боғи ғалабаи шаҳри Душанбе, назди яке аз рамзҳои Ғалаба - танки ИС-2  доир гардида буд, беш аз 100 нафар иштирок карданд. Имсол ин иқдомро дар сатҳи давлатӣ баргузор карданианд.

Қобили зикр аст, ки солҳои ҶБВ аз аҳолии он замон 1,5 млн. нафараи кишвар 270 ҳазор нафар аз Тоҷикистон ба ҷабҳа рафта, беш аз 100 ҳазор тан дигарбора ба ватан барнагаштанд. Аз ин шумор 55 ҳазор нафар бо ордену медалҳо ва 54 нафар тоҷикистониёни иштирокчии ҷанг ба унвони олӣ - Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ шарафёб гардиданд.