Ба муносибати Рӯзи ҷавонон санаи 21 май дар Тоҷикистон Рӯзи навбатии дави миллӣ доир мегардад, ки дар он тибқи маълумоти пешакӣ, беш аз 500 ҳазор нафар тоҷикистониён ширкат меварзанд.

Бино ба маълумоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, роҳи Дави миллӣ дар шаҳри Душанбе аз посгоҳи маҳаллаи Чорбоғ тавассути хиёбони Ҳофизи Шерозӣ то Наврӯзгоҳро дарбар гирифта, соати 09:00 оғоз ва анҷомаш соати 11:00 пешбинӣ шудааст. Дави миллӣ дар се масофа - 3, 5 ва 10 километр гузаронида мешавад.

Давҳо дар масофоҳои гуногун дар тамоми маркази вилоят ва шаҳру навоҳӣ дар назар буда, дар он шурӯъ аз роҳбарони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ то кӯдакони хурдсол иштирок мекунанд. Ғолибони мусобиқаҳо бо туҳфаҳо қадрдонӣ мешаванд.

Ёдрас мекунем, ки Рӯзи дави миллӣ бо фармони президенти Тоҷикистон сар аз соли 2005 ҳар сол якшанбеи севуми моҳи май дар ҳамаи манотиқи ҷумҳурӣ барпо мегардад.