Ҳайати расмии ходимони санъати Ӯзбекистон рӯзи 9 май ба Душанбе ташриф овард.

Бо хатсайри ҳавоии ширкати «Ӯзбекистон ҳаво йуллари» рӯзи 9 май 55 нафар намояндагони санъату ҳунари кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон ба Душанбе омаданд, ки дар Рӯзҳои фарҳанги Ӯзбекистон дар Тоҷикистон иштирок мекунанд. Дар фурудгоҳи пойтахти Тоҷикистон меҳмонони ӯзбекро зери навои карнай бо нону намак самимона пешвоз гирифтанд.

Дар ҳайати кишвари ҳамсоя Ҳунармандони халқии Ӯзбекистон Ғуломҷон Ёқубов ва Маҳмуд Намозов, овозхони маъруф Севинч Муминова, ансамбли давлатии тарона ва рақси «Ӯзбекистон» ҳузур доранд. Ҳамчунин ҳамроҳ бо ходимони санъат намояндагони ҳукумат, Вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва фарҳанги Ӯзбекистон, Филармонияи давлатӣ ва «Ӯзбеккино» низ ташриф оварданд.

«Ҳайати кишвари ҳамсояро муовини аввали вазири фарҳанги Ӯзбекистон Минҳоҷиддин Ҳоҷиматов роҳбарӣ мекунад, - хабар дод ба «Азия-Плюс» мудири шуъбаи муносибатҳои байнулмилалии Вазорати фарҳанги ҶТ Абдуғаффори Абдуҷаббор. - Давоми баргузории Рӯзҳои фарҳанг ҳайати кишвари ҳамсоя дар меҳмонхонаи «Шератон» иқомат мекунанд».

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги ҶТ, соати 11-и имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо иштироки вазири фарҳанги Тоҷикистон ва роҳбари ҳайати расмии Ӯзбекистон дар робита ба баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ӯзбекистон нишасти хабарӣ доир мегардад.

Худи ҳамин рӯз соати 14:00 дар Хонаи кинои Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон “Зебунисо” Рӯзҳои кинои Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо намоиши филми ҳунарии “Ота” (Падар) оғоз меёбад.

Шоми 10 май соати 17:30 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ ифтитоҳи ботантанаи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор мегардад. Меҳмонони чорабинӣ қабл аз оғози чорабинӣ метавонанд аз Намоиши санъати тасвирӣ ва аккосии “Ӯзбекистони муосир”, ки дар даромадгоҳи театр ба маъраз гузошта мешавад, баҳра бардоранд.

Соати 18:00 дар Театри давлатии опера ва балети ба номи С.Айнӣ маросими тантанавии ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Ӯзбекистон дар Тоҷикистон баргузор мешавад. Ҳамчунин барномаи пуршӯҳи консертӣ намоиш дода мешавад.

Рӯзи 11 май сафари иштирокчиёни рӯзҳо ба шаҳри Қӯрғонтеппа дар назар аст. Ин рӯз барномаи консертии ҳунарпешагони Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои сокинон ва меҳмонони шаҳри Қӯрғонтеппа манзур мегардад.

Маросими ботантанаи анҷоми Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 майи соли 2017 соати 18:00 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ баргузор хоҳад шуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.