Бо иштироки Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар пойтахти кишвар маркази нави муҳташами истироҳатии "Обшорон" - калонтарин Аквапарк ё худ парки обӣ дар мамлакат мавриди истифода қарор дода шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории пойтахт, маркази мазкур аз маҷмааҳои истироҳатӣ, ҳафт ҳавзи аквапарк ва шиноварию ландшафтӣ бо фаввораҳои дорои   тасвирҳои гуногун, 14 адад аттраксионҳои беназири обӣ ҳам барои калонсолон ва ҳам кӯдакон, майдонҳои бозиҳои шавқовар ва дигар таҷҳизоти дилхушӣ дар об иборат буда, бо харҷи 63 миллиону 628 ҳазору 532 сомонӣ бунёд гардидааст. Он дар як вақт ба беш аз 300 нафар мизоҷон хизмат мерасонад.

Гуфта мешавад, сохтмони «Аквапарк»-и Душанберо ҶСП  "Сохтмони махсус" дар ҳамкорӣ бо ширкати италиявии "Престон ва БарбиерB"(«Preston & Barbieri»)  дар муҳлати муқарраргардида бо сифати баланд ва дар асоси меъёрҳои байналмилалӣ ба анҷом расондаанд.

Хадамоти матбуоти шаҳрдории Душанбе

Зикр мегардад, ки дар марказ барои истироҳати оилавӣ гӯшаҳои махсуси муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосири обӣ созмон дода шуда, қисме аз аттраксионҳои марказ намунаи навтарини таҷҳизотҳои муосири ҷаҳонӣ мебошанд ва бори аввал дар Душанбе мавриди истифода қарор дода мешаванд.

Хадамоти матбуоти шаҳрдории Душанбе

Маркази истироҳатӣ бо тамоми иншооти ёрирасон, аз ҷумла бинои маъмурӣ, утоқҳои тиббиву табобатӣ, ҳуҷраҳои либосивазкунӣ, ошхона барои хизматрасонӣ ба истироҳаткунандагон бо 30 ҷойи нишаст ва дигар иморату иншооти зарурӣ муҷаҳҳаз мебошад. Оби марказ зери назари мутахассисону табибон қарор дошта, пайваста бо воситаҳои кимиёвӣ поккорӣ мешаванд. Дар аквапарк  беш аз 100 нафар бо кори мавсимӣ ва маоши баланд таъмин хоҳанд шуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.