Кумитаи умури дини Тоҷикистон пешниҳод дорад, ки андозаи ҷиҳозе, ки арӯсон баъди издивоҷ ба хонаи домод мебаранд, кам карда шавад.

Сардори Раёсати танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Кумита Азизулло Мирзозода дар ин робита изҳор намуд, ки бояд ҳуҷчате омода гардад, ки ҷараёни ҷамъоварии ҷиҳози арӯсро танзим созад.

“Хеле душвор аст, вақте духтар ва волидони ӯ бояд пурра манзили навхонадоронро бо мебелу ҷиҳоз ва дигар лавозимоти зарурии рӯзгор таъмин кунанд, ҳарчанд манзилро ҷониби домод пешниҳод мекунад, - қайд кард ӯ. - Ин кор боадолатона нест, чунки қисмати зиёди хароҷот маҳз ба дӯши ҷониби арӯс рост меояд”.

Мирзозода қайд кард, ки Кумита ҳамчунин пешниҳод кардааст, ки дар Тоҷикистон шартномаи ақди никоҳ (издивоҷ) ҷорӣ шавад, то ки ба туфайли онҳо дар сурати азҳампошии оилаҳо тақсими амвол осонтар шавад.