Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ хатсайри мусофирбари озмоишие роҳандозӣ мешавад, ки самтҳои ҷануб ва ғарби Душанберо ба ҳам мепайвандад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе, ояндаи наздик воситаи нақлиёти мусофиркаш тариқи хатсайри №50 бо ин роҳ равуо мекунанд.

Нуқтаҳои ниҳоии ин хатсайр аз маҳаллаи ғарбии Чоряккорон (самти Ҳисор) то Терминали мусофирбарии ҶСП «Фароз» дар баромадгоҳи бозори яклухтфурӯшии Корвон муқаррар шудааст.

Гуфта мешавад, барои интихоби ширкати хизматрасонӣ дар ин хатсайр раиси пойтахт дастур додааст, ки тендер гузаронида шавад.