Ширкати миллии ҳавопаймоии «Ӯзбекистон ҳаво йӯллари» арзиши билети хатсайри ҳавоии Душанбе - Тошкандро поин бурд.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз намояндагии ширкати «Ӯзбекистон ҳаво йӯллари» дар ин робита хабар доданд, нархи билети ин хатсайр беш аз 200 сомонӣ кам карда шудааст.

Бино ба иттилои манбаъ, айни замон нархи билети ҳавопаймо аз Душанбе ба Тошканд 1010 сомониро ташкил медиҳад. Поинравии арзиш билет ба ин хатсайрро раҳбарияти  ширкат ҷалби шумори бештари мусофирон маънидод кардаанд.

Дар робита ба имкони аз фурудгоҳи Тошканд ба шаҳрҳои дигар парвоз кардани шаҳрвандони Тоҷикистон, дар намояндагии ширкати ӯзбекистонӣ изҳор намуданд, ки дар минтақаи транзити фурудгоҳи Тошканд мусофирони тоҷик метавонанд бидуни раводид 24 соат ҳузур дошта бошанд.

Ёдрас мекунем, ки парвози нахустин тариқи ин хатсайр санаи 11 апрели соли равон сурат гирифта, ширкати ӯзбекистонӣ ҳафтае ду маротиба - рӯзҳои сешанбе ва ҷумъа ин парвозҳоро анҷом медод, вале баъдан танҳо як парвоз рӯзи сешанбе сурат мегирифт.

Вазири нақлиёти Тоҷикистон Худоёр Худоёрзода сабаби камшавии шумори парвозҳо тавассути ин хатсайрро кам будани мусофирон унвон кард ва қаблан дар худи ширкати ҳавопаймоӣ низ ҳамин сабабро зикр карда буданд.

Парвозҳо аз ҷониби Тоҷикистонро бояд ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” ба анҷом мерасонид, вале ҳоло ин парвозҳо оғоз нагардидааст.

«Ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон ба анҷоми парвозҳо омодагӣ гирифта, ба корҳои сабти намояндагии худ дар Тошканд машғул аст ва агар талаботи кофии мусофирон пайдо шавад, шояд ширкат ба анҷоми парвозҳо оғоз намояд», - гуфта буд вазир.

Қобили зикр аст, ки қаблан арзиши билет ба самти Тошканд ба 1230 сомонӣ (140 доллар) баробар буд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.