Ширкати саҳҳомии холдингии кушодаи «Барқи тоҷик» бо як изҳорот ба аҳолии Тоҷикистон муроҷиат кард.

Дар изҳороти дар сомонаи ширкат нашршуда зикр мегардад, ки «имсол ният дорем, ки бо истифода аз имконоти пайдошуда барои аҳолӣ маҳдудият ҷорӣ накунем ва мардуми шарифи кишварро тирамоҳу зимистони дарпешистода пурра бо барқ таъмин намоем».

«Дар баробари ин, ба сокинони кишвар муроҷиат карда, ба ҳамаи онҳо хотиррасон менамоем, ки дар бобати истифодаи нерӯи барқ сарфаю сариштакор бошанд ва ба исрофкорӣ роҳ надиҳанд», - омадааст дар муроҷиат.

Қайд мешавад, ки сарфакорона истифода бурдани нерӯи барқ ва пардохти саривақтии ҳаққи барқи истифодашуда нишонаи фарҳанги баланд ва масъулияти шаҳрвандии ҳар як сокини мамлакат буда, ба таъмини фаъолияти муназзаму боэътимоди шабакаҳои интиқоли барқ ва низоми энергетикӣ мусоидат менамояд.

«Бовар дорем, ки сокинони кишвар ба истифодаи мақсадноку сарфакоронаи нерӯи барқ муносибати ҷиддӣ мекунанд ва тирамоҳу зимистони имсоларо бидуни мушкилот паси сар менамоянд», - зикр мегардад дар муроҷиатнома.

Ҳамчунин зикр мегардад, ки дар муддати кӯтоҳ бунёди як силсила иншооти муҳими энергетикӣ, аз ҷумла нерӯгоҳҳои барқи обии «Сангтӯда-1» ва «Сангтӯда-2» ба анҷом расида, ҳамчунин, таҷдиду азнавсозии иншооти энергетикии амалкунандаи Норак, Қайроққум, Сарбанд ва Варзобро оғоз ва ин раванд бомаром идома дорад.

"Илова бар ин, бунёди беш аз 350 нерӯгоҳи хурд ба нақша гирифта шуда, то имрӯз сохтмони қисми бештари онҳоро ба анҷом расид, ки бо ин роҳ вазъи таъминоти аҳолии ноҳияву деҳоти дурдаст бо барқ хеле беҳтар гардид», - қайд мешавад дар муроҷиатнома. - Бар замми ин, ба фаъолият оғоз кардани маркази барқу гармидиҳии 2-и шаҳри Душанбе шароит фароҳам овард, ки пойтахти кишвар дар фаслҳои тирамоҳу зимистон бо барқу гармӣ таъмин карда шавад".

Хотиррасон мешавад, ки соли гузашта танҳо аз якуми ноябр то чордаҳуми январи соли ҷорӣ интиқоли нерӯи барқ маҳдуд шуда буд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.