Қуттӣ ё бастаҳои маснӯоти тамокуе, ки дар Тоҷикистон истеҳсол мешаванд, аз ин ба баъд бояд дар бораи зарари истеъмоли онҳо огоҳӣ дошта бошанд. Ин гуна огоҳиҳо натанҳо дар қуттиҳои сигарет, балки дар бастаҳои тамоку барои чилимкашӣ низ пайдо хоҳанд шуд, ки акнун кашидани он ҳам дар дохили бино манъ мешавад. Тасвирҳои зиёни онҳо дар бастаҳои нос низ пайдо мешаванд.

Ин меъёру талабот дар қонуни ҶТ «Дар бораи маҳдуд кардани истифодаи маснӯоти тамоку» дарҷ ёфтааст, ки чанде қабл онро палатаи поёнии парлумон дар таҳрири нав қабул кард.

Дар маҷмӯъ огоҳиҳо дар баставу қуттиҳо бояд аз матн ва акси тасвирӣ иборат буда, бояд на камтар 75 фоиз аз ҳаҷми умумии ҳар як тарафро дар бар гиранд. Дар қисмати поёнии пешорӯ матн бояд бо забони тоҷикӣ ва қисмати поёнии тарафи дигар матн бо дигар забонҳо навишта шавад.

Дар ҳамин ҳол, намунаҳои аксу тасвир ва матни огоҳиҳо пешакӣ бояд аз ҷониби мақомоти салоҳиятдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ тасдиқ карда шаванд.

Қонуни нав фурӯши донагии сигарету папиросро манъ карда, як қуттии фурӯш бояд на камтар аз 20 дона сигарет ё папирос дошта бошад.

Фурӯши тамоку ба шахсони синни аз 18-сола поин манъ шуда, агар фурӯшанда дар синнусоли харидор шубҳа дошта бошад, ба тақозои ҳуҷҷати дахлдор аз ӯ ҳуқуқ пайдо хоҳад кард.

Ғайр аз ин, истеъмоли сигарет ва қалён ё худ чилим дар дохили биноҳо - бару қаҳвахона ва тарабхонаҳо манъ карда мешавад.

Ҳамчунин ба истеъмоли тамоку дар ҳама гуна навъи нақлиёти ҷамъиятӣ, дар истгоҳҳои нақлиёти ҷамъиятӣ, дар бино ва қаламрави фурудгоҳу вокзалҳои роҳи оҳан ва автомобилӣ, майдонҳо барои бозии кӯдакон низ иҷозат дода намешавад. Чунин талабот дар воситаҳои нақлиёти шахсӣ, ки дар дохили он кӯдакони синни аз 16-сола поин ҳузур доранд, низ амал мекунад.

Мутобиқи меъёрҳои қонуни нав, истеъмоли тамоку дар биноҳои маъмурӣ, кабинетҳо кории корхонаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, дар даромадгоҳҳои манзилҳо, лифтҳо, гузаргоҳҳои зеризаминӣ ва дигар сохтору биноҳои бари мардум дастрас манъ карда мешавад.

Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ҳудуди салоҳиятҳои худ метавонанд истеъмоли маснӯоти тамокуро дар боғу гулгаштҳо, қаламрави ҷойҳои оббозӣ ва дигар макони баргузории чорабиниҳои ҷамъиятӣ муваққатан ё доимӣ манъ кунанд.

Бо дархости сохторҳои дахлдор мақомоти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ба истеъмоли тамоку дар муассисаҳои ислоҳӣ, беморхонаҳои касалиҳои рӯҳӣ, хонаҳои калонсолон ва маъюбон иҷозат дода метавонанд. Дар онҳо барои истеъмоли тамоку ҷойҳои махсус муқаррар мешаванд.