Як гурӯҳ ҳамкорон, хешу таборон ва волидайни Одинаев Раҷабалӣ Ғафорович, молики ширкати «Умед-88», ки дар маҳкамаи тафтишотии № 1-и Сарраёсати иҷрои ҷазои Вазорати адлияи ҶТ нигоҳ дошта мешавад бо номаи кушод ба Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муроҷиат карданд, ки матнашро дар зер манзуратон мегардонем:

«Мӯҳтарам Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби олӣ!

Дуруду пайёми самимии моро бипазиред, Ҳомии бузурги миллат, Қаҳрамони халқи тоҷик, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳу-рии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмони азиз!

Шумо номбардори Ватан, чашми бедор ва ойинаи пурҷилои миллат ҳастед.

Таърих ин сатрҳоро бо оби тилло дар саҳифаҳои ҷовидонааш навиш-тааст, ки баъд аз садсолаҳои талхи бегонагарои ва бедавлатӣ Шумо бо тафаккури баланд ва доштани андешаи миллӣ дар шонаҳои кӯҳҳои азим пояҳои давлатдории миллиро бунёд ва тикапорҳои табартақсими Хуро-сони бузургро пайванд кардаед. Баъди пош хӯрдани собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ мардум гирифтори найрангҳои сиёсӣ ва диннӣ гардиданд, ки дар натиҷа зиддиятҳо байни даҳҳо гурӯҳҳои хурд ба амал омада, бародар бо нафрат даст ба гиребони бародар мезад ва миллати парешонгаштаро хата-ри нести таҳдид мекард. Дар чунин вазъияти хатарнок, ки ҳатто хукумат-дорони вақт аз идораи давлатдорӣ даст кашида, заводу фабрикаҳои истеҳ-соли валангор ва буҷаи давлат ба сифр мерасид,  Эмомалии Раҳмон поя-ҳои давлатдории миллиро  эҳё кард ва сулҳу ваҳдатро хукумрон.

Мо хуб медонем, ки Шумо ҳар як ваҷаби ин замин ва хар як сокини ин ватанро чун фарзанди хеш дуст медоред, зеро маҳз дар партави сиёсати созанда ва инсонгароёнаи Шумо мо ба ин рӯзҳои офтобӣ расидем. З-инрӯ ҳастии Шумо кафили ояндаи дурахшони мо ва андешаҳои хирадмандо-наатон  бақои ин миллат аст.

Падари азиз, Президенти маҳбуб, мӯҳтарам Эмомали Рахмон! Мо чанд нафар аз кормандони ширкати «Умед 88» ва волидайни Одинаев Раҷабалӣ аз Шумо, ки набз ва қалби ин миллат хастед, барои бемасъу-лияти ва сари вакт иҷро накардани вазоифи ба ӯҳдагирифтаи масъулини ширкати мазкур, ки боиси нигарони ва нороҳатии Шумои азиз гаштаанд, узр мепурсем ва назди назари пурмуҳаббат ва садоқати поки Шумои азиз, ки нисбат ба ҳар ки мо доред, сархаму шармандаем. Аммо инро бояд бигӯем, ки мо ба ҳайси кормандони ин ширкат борҳо шоҳид гаштаем, ки раҳбарияти ширкат дар симои Одинаев Раҷабали Ғафорович дар ҳамагуна сӯҳбатҳо, ҷаласаҳои корӣ аз сиёсати хирадмандонаи Шумои азиз ёдовар мешуданд ва ҳар яки моро  таъкид мекарданд, ки даст ба дасти ҳамдигар дар ободии ватан сахм бигузорем ва ба кадри сулҳу ободие, ки Шумо бароямон овардаед, бирасем. Ҳамчунин номбурда бо дар назардошти дастгириҳои Шумо нисбат ба фаъолити соҳибкорон ва имтиёзҳои Ҳуку-мати ҷумхурӣ, борҳо ба хонаи маъюбон, ятимхонаҳо,  хонаи пиронсолон ва ҷарроҳии беморони оилаҳои ниёзманд дасти кӯмак дароз кардааст. Инчунин ширкати мазкур тули фаъолияташ дар ғани гардонидани буҷаи давлат  зиёда аз 2 миллиард сомонӣ тариқи супоридани андоз сахм гузош-тааст ва  зиёда аз 500 нафар шаҳрвандонро ба ҷойи кори доимӣ таъмин намудааст.

Бояд гуфт, ки баҳри иҷрои Протоколи ҷаласаи Шӯрои нозирони Ҷамъияти саххомии кушодаи «Неругохи барқии обии Рогун» аз 06.04 соли 2015 тахти раками № 37-16, байни ҶСК «НБО Рогун» ҳамчун қарздиҳанда, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъият ҳамчун қарзгиранда шартномаи қарзии тахти № ТАJ 2015-005 аз 15.05.2015 с. ба имзо расонида шудааст. Мувофиқи ин шартномаи сеҷониба ба ширкат ҷиҳати рушди комплекси агросаноатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи таъмини ҳоҷа-гиҳои кишоварзӣ бо маҳсулоти сӯзишвории дизелӣ ба маблағи 171 000 000 сомонӣ бо меъёри 18% солона то мӯҳлати 31.12 соли 2015 қарз дода шудааст. Аммо мутаасифона бо сабаби ба бӯҳрони молиявӣ дучор гаштан, ширкат натавонистааст, ки дар мӯҳлати дар боло зикр гашта қарзи маз-курро баргардонад, вале тули ин муддат ҷаримахо ва фоизҳо дар ҳаҷми 33 миллион сомонӣ ба ташкилотҳои бонкӣ супорида шудааст.

Ҳоло муассиси ширкат дар симои Одинаев Рачабали Ғафоровичро бо моддахои 246 кисми 3 ва 295 кисми 2-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳабси  пешакӣ гирифта шудааст.

Аммо сари вақт супурдани фоиз ва ҷаримаҳо дар ҳаҷми 33 миллион сомонӣ, ҳамчунин қисм ба қисм бозпас гардонидани қарзи мазкур ба таш-килотҳои бонки, далолат он аст, ки масъулини ширкати «Умед-88» аз супурдани қарзи мазкур саркашӣ накардаанд ва нияти баргардонидани қарзро доранд. 

Мӯҳтарам Пешвои муаззами миллат, Президенти маҳбуб Эмомалӣ Рахмон, мо бакои миллатро дар андешахои хирадмандона ва кафолати адолатро маҳз дар оинаи чашмони бедори Шумои азиз мебинем. Зеро маҳз Шумо, мӯҳтарам Ҷаноби Олӣ, бо ҳастии пурмаънои хеш пояҳои ин давлати ҳуқуқбунёд ва демократиро дар асоси қонун бунёд гузоштаед, ки хар як хишти бинои ин давлати миллӣ, нақши дастони созандаи Шуморо чун муҳр дар хазинаи таърих ҳифз кардааст. Мо бо чашми ақл шоҳиди ҳазорҳо хидматҳои шоистаи Шумо баҳри ободии ин ватан гаштаем. З-ин-рӯ ба хар як харфи Шумо, ки ҳарфи таърих аст, аз самими қалб бовар до-рем, зеро ҳастии Шумо - кафили зиндагии босаодати ҳар яки мо мебо-шад.

Шумо, Президенти маҳбуб, борҳо дар баромадхоятон аз волоияти қонун ва арзишҳои ҳуқуқи инсон ёдовар шуда, мақомотҳои қудратиро хушдор дода будед, ки дар пойдории адолат, ки мояи ҳастии миллат аст боандеша ва боэҳтиёт бошанд, то оинаи пурҷиллои таърихро ғуборе нааф-канад. Ҳамчунин зикр карда будед, ки барои як кадрро тарбият кардан ҳудудан 40 сол лозим меояд ва сокинони ин сарзаминоро, ки Шуморо чун фарзанданд, набояд ба хотири содир кардани як гуноҳ пушти панчараи зиндон гузоранд.

Ҳоло мо кормандони ширкати «Умед 88» ва волидайни Одинаев Раҷабалӣ, аз Шумо Падари хирадманд, ки қалбе бузург чун кӯҳҳои сарба-фалак ва шаффоф, чун чашмаҳои кӯҳистон доред, авфи гуноҳ металабем. Илтиҷо мекунем, ки ба Раҷабали Одинаев, ки аз шарофати дастони пурба-ракаташ фарзандони азизамон нон хурдаанд ва ҳамеша бо лабханди гарм дар ғаму шодиямон ҳузур доштанд, чораи пешгири аз намуди дар хабс нигоҳ доштан ба намуди тарк накардани ҷои зист ва ё дигар чораи пешгирӣ таъғир дода шавад.

Ҳар яки мо тариқи соядастҳои хеш, ки дар поёни номаи мазкур мегузорем, кафолат медихем, ки дар ҳолати ғайриҳабс будан Одинаев Р.Ғ. метавонад қарзи мазкурро бипардозад, зеро мувофики хулосаи  экспер-тизаи  нархгузории   ВА ҶТ нуқтаҳои  фурӯши   сӯзишвории   ширкати   ватании «Умед-88»  дар  айни  ҳол  маблаги зиёда аз 175 миллион сомонӣ нархгузорӣ карда шудааст ва илова бар ин амволҳои хешу таборони номбурда низ метавонад маблағи муайянеро ташкил бидихад. Ҳамчунин  Одинаев Р.Г. дар ҳолати ғайриҳабсӣ будан  метавонад, бо дарназардошти   кафолати моликияти ширкат ва боварии соҳибкорони Федератсияи  Русия, ки давоми ҳамкориҳои бисёрмуддат сазовор гардидааст,  40  мил-лион  доллари  ИМА-ро  барои  амалӣ намудани  ин  ӯҳдадориҳо  тариқи    шартномаи   қарзии ( кредитӣ)  бисёрсола  бигирад.

Бояд зикр кард, ки вазъи саломати Одинаев Р.Ғ. бо иллати осеби сутунмуҳра, бемории шуш ва сактаи қалб хуб нест ва нигоҳдоштани ӯ дар боздоштгоҳ боиси авҷ гирифтани бемориҳои мазкур мегардад.

Мӯҳтарам Пешвои муаззами миллат,  Эмомалии Раҳмони азиз!

Шумо дар замони хатарноки ҷанги шаҳрванди бо пойдор кардани сулҳу ваҳдат ҷони садҳо ҷавонони тоҷикро аз марг  наҷот додаед, аз ин рӯ кулли модарони тоҷик Шуморо фарзанди хеш меҳисобанд ва аз хиради волоятон ифтихор доранд.

Мо муштариён ва хешовандони Одинаев Р.Ғ. аз Шумо, фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, ки соябони сари ҳар яки мо мебошед, қалбан  илтиҷо мекунем, ки ба хотири болидагии руҳи модари хеш, ки ҳамеша дуъои некашон ҳамсафари корҳои таърихиятон гаштаанд,  модари азизи ин сохибкорро, ки  дидаҳои камнураш дар роҳи бозгашти фарзанди ази-заш чор аст, ва қалби афгоре доранд ба дидори фарзанди азизаш бира-сонед. Зеро мо борҳо тариқи симову садои Ватанӣ шоҳид гаштаем, ки қалби пурмуҳаббат ва инсонгароёнаи Шумо ҳатто кучактарин ҳоҳишу илтиҷои мардумро беҷавоб нагузоштааст, з-инрӯ боварии комил дорем, ки моро низ аз неъмати бахшоишҳоятон бенасиб намегардонед. Боқи чун ҳар вақти дигар мо аз самими қалб бо муҳаббати гарм  барои саломатии Шумо ва ва пойдории давлатдории миллӣ дасти дуъо мебардорем.

Оре, таърихи давлатҳои ҷахон, исми пуршарафи подшоҳонро бо лут-фу караму бахшоҳояшон зинда нигоҳ доштааст».

Бо эҳтироми самимӣ,

Як гурӯҳ ҳамкорон, хешу таборон ва волидайни

Одинаев Раҷабалӣ Ғафорович