Хешону наздикони Раҷабалӣ Одинаев, роҳбари ширкати «Умед-88» ба «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, ки наздики 100 нафар кормандони ширкат ба мақомот муроҷиат карданд, ки се моҳ боз маош намегиранд.

Онҳо дар ҳайратанд: чӣ гуна метавон ба кормандони «Умед-88» маош пардохт кард, дар ҳоле ки амволи ширкат ва суратҳисобҳои он дар бонкҳо таҳти ҳабс қарор дорад.

«Одинаев чандин маротиба изҳор дошт, ки агар ӯро таҳти баёноти тарк накардани манзил аз боздоштгоҳ ҷавоб диҳанд, ба баргардонидани қарзҳо бо фоизҳояш ва иҷрои дигар уҳдадориҳои молиявӣ омода аст», - мегӯянд хешони роҳбари ширкат.

Ба гуфтаи онҳо, айни замон кормандони Агентии зиддифасод фаъолияти молиявӣ ва иқтисодии ширкати «Умед-88»-ро мавриди санҷиш қарор додаанд.

«Ба мо хабар доданд, ки пас аз анҷоми санҷиш парвандаи ҷиноӣ нисбати Р.Одинаев ва И.Ибрагимов ба суд фиристода мешавад», - илова карданд онҳо.

Қаблан зикр гардида буд, ки Раҷабалӣ Одинаев ва Идибек Ибрагимов омодаанд, ки аз ҳисоби фурӯши амволи ширкат ва амволи шахсӣ қарзи аз Вазорати молия гирифтаашонро дар ҳаҷми 171 млн. сомонӣ бо назардошти фоизҳояш пурра баргардонанд.

«Молики ширкати «Умед-88» Раҷабалӣ Одинаев ва директори ширкат Идибек Ибрагимов аз ҳисоби фурӯши амволи худу ширкат ба пурра пардохт кардани қарзи Вазорати молия дар ҳаҷми 171 млн. сомонӣ бо фоизҳояш омодаанд», - гуфта буд дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» адвокати онҳо Абӯбакр Қулматов.

Ба гуфтаи ӯ, ба ҷуз ду нафари дар боло зикршуда дигар ҳеҷ касе аз кормандони ширкат боздошт нашуда, танҳо Саидмумин Одинаев, ҷияни Р.Одинаев, ки расман муассиси ширкат аст, таҳти баёноти тарк накардани манзил қарор дорад.

Маълумоти чанде аз васоити ахбори умум доир ба нисбати зерҳимоягонаш боз шудани парвандаи ҷиноӣ аз рӯи далелҳои қочоқ ва ғайриқонунӣ гирифтани қарзро адвокат беасос унвон кард.

«Нисбати Одинаев ва Ибрагимов мутобиқи 2 моддаи Кодекси ҷиноии ҶТ - 246, қ. 3, банди «б» (дуздии воситаҳои ба сифати қарз гирифташуда дар ҳаҷми ниҳоят зиёд) ва 295, қисми 2 (суистифода аз ваколатҳои мансабӣ, ки ба оқибатҳои вазнин боис гардид) парвандаи ҷиноӣ боз шудааст», - иттилоъ дод Қулматов.

Ӯ ҳамчунин қайд кард, ки аз замони ҳабси Р.Одинаев ва И.Ибрагимов ширкати «Умед-88» ба Вазорати молия зиёда аз 33 млн. сомонӣ маблағро баргардонидааст.

Ӯ ҳамчунин қайд кард, ки аз замони ҳабси Р.Одинаев ва И.Ибрагимов ширкати «Умед-88» ба Вазорати молия зиёда аз 33 млн. сомонӣ маблағро баргардонидааст.

«Имрӯз «Умед-88» ҷиҳати фавран ба сохтмони нерӯгоҳи Роғун фиристодани бензин ба маблағи беш аз 3,5 млн. сомонӣ омода аст, - гуфт адвокат. - Раҷабалӣ Одинаев ва кормандони ӯ чандин маротиба изҳор доштанд ва ҳозир ҳам мегӯянд, ки ба баргардонидани қарзи гирифта бо фоизҳояш ба Вазорати молия омодаанд ва барои ин дархост доранд, ки онҳоро таҳти баёноти тарк накардани манзил аз боздоштгоҳ ҷавоб диҳанд».

Номбурда ҳамчунин зикр кард, ки ҳанӯз моҳи июни соли гузашта Суди олии иқтисодии Тоҷикистон амволи ширкати «Умед-88»-ро беш аз 173 млн. сомонӣ баҳогузорӣ намуда, «бо дархости Вазорати молия онро таҳти ҳабс қарор дод».

«Баъди таҳти ҳабс қарор додани амволи ширкат, роҳбарони онро метавон ба ҳабс ҳам нагирифт», - чунин мешуморад адвокат.

Зимни суханронӣ рӯзи 14 октябр дар вохӯрӣ бо соҳибкорон Президенти Тоҷикистон изҳор намуд, ки ширкати «Умед-88» воситаҳои зиёди буҷетро харҷ карда, ба давлат барнамегардонад. Амали кормандони Вазорати молияро, ки ин маблағҳоро додаанд, Сарвари давлат «бемасъулиятӣ» хонда, дастур дод, ки гунаҳкорон муҷозот шаванд.

Рӯзи дигар баъди изҳороти президент баркандани лавҳаҳо бо навиштаҷоти «Умед-88» дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ оғоз гардида, бо фурӯхтани сӯзишвории боқимонда, онҳо корро бас карданд. Дафтари асосии кории ширкат баста аст.

Баъди 10 рӯз Агентии зиддифасод хабар дод, ки молики ширкати «Умед-88» Раҷабалӣ Одинаев ва ҳамчунин директори ширкат Идибек Ибрагимов рӯзи 14 октябр, дарҳол баъди изҳороти Эмомалӣ Раҳмон боздошт шудаанд.

Раҳбарияти ширкат дар суистифода аз ваколатҳои мансабӣ, ғайриқонунӣ гирифтани қарз ва азхудкунии воситаҳои қарзӣ дар ҳаҷми ниҳоят зиёд гумонбар дониста мешаванд.

Ширкати «Умед-88» муддати беш аз 20 сол бо воридот ва фурӯши чаканаи маҳсулоти нафтӣ дар Тоҷикистон машғул аст. Бензин ва сӯзишвории дизелиро ширкат асосан аз Русия ва Қазоқистон ворид намуда, сипас онро барои фурӯш ба зиёда аз 70 нуқтаи фурӯши сӯзишвории ширкат дар саросари ҷумҳурӣ тақсим мекард.

То соли гузашта «Умед-88» дар қатори ширкатҳои «Газпромнефт-Тоҷикистон», «Тоҷик Петролиум» ва «Аурум Спика» дар рӯйхати субъектҳои хоҷагидорие қарор дошт, ки дар бозори сӯзишвории кишвар мавқеи афзалиятнок доштанд. Имсол дар робита ба коҳиши ҳисса дар бозор «Умед-88» аз ин рӯйхат хориҷ шуд.

Лозим ба ёдоварист, ки чанде пеш дар мавриди ин қазия ҳамкорону наздикон ва модари роҳбари ширкати «Умед-88» бо номаи кушод ба Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон муроҷиат карданд.