Ҳукумати Тоҷикистон барои интихоби беҳтарин лоиҳаи ангоравии Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» дар шаҳри Душанбе озмун эълон мекунад.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, баргузории озмун бо мақсади ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ, таҷассуми рукнҳои муҳими давлатдорӣ, боз ҳам баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ ва дар қалби шаҳрвандони мамлакат ҷой додани ғояҳои Истиқлолият ва озодӣ, инчунин ба муносибати 30-солагии ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ мешавад.
Гуфта мешавад, озмун дар як давр гузаронида шуда, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ватанию хориҷӣ метавонанд озодона дар он иштирок намоянд.
Довталабоне, ки дар озмуни мазкур ширкат варзидан мехоҳанд, метавонанд аз санаи 1 феврал то 30 апрели соли 2018 лоиҳаи ангоравии худро бо қайди «Барои озмун» ва нишон додани ному насаб, рамз ва суроға дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (шаҳри Душанбе, кӯчаи Ш. Ҳусейнзода) сабти ном кунанд.
«Тартиби баргузории озмуни кушод байни шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ватанию хориҷӣ доир ба интихоби беҳтарин лоиҳаи ангоравии Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» ва ҳайати Комиссияи ҷумҳуриявии озмун дар воситаҳои ахбори омма интишор мешавад», - омадааст дао хабари хадамоти матбуоти президент.
Зимнан зикр мегардад, ки барои беҳтарин лоиҳаи ангоравии Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» маблағи пулӣ муқаррар шудааст.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.
Кабельное ТВ и IP ТВ в Таджикистане. Услуги и расценки
Какие специалисты нужны современному Таджикистану и как их готовить?
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 5 мая 2024 года
Как путь длиною в семь поколений привел художницу из Таджикистана на Венецианский биеннале
Чем завершилась первая Центральноазиатская конференция женщин журналисток?
Телефоны ветеринаров в Таджикистане. Кому звонить, если ваш питомец заболел?
Топ-10 «инстаграмных» заведений Ташкента: Чтобы было «вкусно» не только на тарелке, но и в интерьере
Госстат: Жители Таджикистана спят по 8 часов, читают 8 минут в сутки и работают всего час
Минобразования Таджикистана объявило о приёме документов для поступления на магистратуру в МГИМО
Чем нужно засаживать Душанбе, чтобы очистить воздух?
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста