Рӯзҳои сафари давлатии президенти Ӯзбекистон Шавакат Мирзиёев ба Тоҷикистон, ки имрӯз оғоз мегарад, ҳаракати воситаҳои нақлиёт тариқи чанде аз кӯчаҳои пойтахт муваққатан баста мешавад.

Мо кӯшиш ба харҷ додем, ки нақшаи эҳтимолии баста шудани роҳҳоро мувофиқи барномаи сафар таҳия кунем.

Рӯзи 9 март - аз соати 09:00 то 11:00 ҳаракати нақлиёт дар кӯчаҳо аз фурудгоҳ то қароргоҳи ҳукумат: хиёб. А. Дониш – Айнӣ – Рӯдакӣ баста мешавад.

Аз 13:30 то 14.00 - роҳҳо аз қароргоҳи ҳукумат то майдони «Дӯстӣ»: хиёб. Рӯдакӣ баста мешаванд. 

Аз соати 15:30 то 16:30 - ҳаракати нақлиёт аз майдони «Истиқлол» то мавзеи собиқ Намоишгоҳи дастовардҳои хоҷагии халқ (ВДНХ) - мавзеи наздикии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон: хиёб. Рӯдакӣ, хиёб. И.Сомонӣ муваққатан манъ мешавад.

16:3020.00 - манъи муваққатии ҳаракати нақлиёт аз Боғи ҳайвонот то маҷмааи «Кохи Борбад»: хиёб. И.Сомонӣ.

Субҳи 10 март аз соати 09:30 то 11:00 ҳаракати нақлиёт дар мавзеи наздикии қароргоҳи шаҳрии ҳукумат: хиёб. Рӯдакӣ қисман манъ мешавад.

Аз соати 14:00 то 15.00 – ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз қароргоҳи ҳукумат то фурудгоҳ: хиёбони Рӯдакӣ - А.Дониш қатъ мешавад.