Ҷасади шоири шинохтаи тоҷик Бозор Собир рӯзи 14 май ба Душанбе оварда шуда, ҳамон рӯз ба хок супурда мешавад, хабар дод як манбаи наздик ба оилаи ӯ.

Ҷасади шоир дар оромгоҳи Лучоб, ки дар он шахсиятҳои маъруфи кишвар ба хок супурда шудаанд, паҳлӯи қабри Лоиқ Шералӣ дафн мешавад.

Ҳамсари шоир Гулчеҳра ва духтараш Шогуна низ ба Душанбе меоянд.

Масъуд Собиров, бародарзодаи шоир ва як узви Комиссияи тадорукоти дафни Бозор Собир ба Радиои Озодӣ гуфтааст, пойдевори қабри Бозор Собир омода шудааст ва санги қабраш ҳам баъди ба хок супоридани ҷасади шоир гузошта хоҳад шуд.

Ёдрас мекунем, ки санаи 1 май шоири маъруфи тоҷик Бозор Собир дар синни 79-солагӣ дар яке аз бемористонҳои шаҳри Сиэтли Вашингтон аз олам даргузашт.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба наздикони марҳум ҳамдардӣ изҳор намуда, ба вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, Сафорати Тоҷикистон дар ИМА ва Намояндагии доимии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид супориш дод, ки ҷасади шоир Бозор Собирро аз ИМА ба Ватан оварда, дар шаҳри Душанбе ба хок супоранд. Наздикони шоир низ ба гӯручӯби ҷасади шоир дар Душанбе розигӣ доданд.