Рӯзҳои наздик дар хатсайри автобусии №8 (Фурудгоҳи кӯҳна-маҳаллаи Зарафшон) хизматрасонии пурраи кортӣ ба роҳ монда мешавад.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдорӣ, аз ин лиҳоз, аз шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки кортҳои электрониро аз терминалҳои назди истгоҳҳо, нуқтаҳои фурӯш ва мағозаҳои фурӯши рӯзномаю маҷаллаҳо дастрас намоянд.

Ба саволи «Азия-Плюс» дар мавриди маҳз аз кадом рӯз ҷорӣ шудани пардохти тариқи корт дар автобуси №8 аз мақомоти шаҳрдорӣ хабар доданд, ки ин амал рӯзҳои наздик - то охири ҳафта ҷорӣ мешавад.

Лоиҳаи «Низоми пардохти электронӣ ва назорати равуо дар нақлиёти мусофирбари истифодаи ҷамъиятии шаҳри Душанбе» (Cityсard) аз ҷониби ширкати Avesto Group ва мақомоти шаҳрдории пойтахт амалӣ мешавад. Татбиқи лоиҳа 1 марти соли 2018 оғоз гардид. Аз 1 апрели соли 2018 сокинон ва меҳмонони пойтахт кортҳои нақлиётиро харидорӣ ва пурра истифода мекунанд.

Аз 18 июн пардохти роҳкиро дар автобуси №3 ва троллейбуси №1 бо пули нақд пурра бекор шуда, танҳо бо корти Citycard ба роҳ монда шуд.

Мутахассисони лоиҳа қайд мекунанд, ки дар марҳилаи мазкур ҳадафи асосӣ пурра ҷорӣ кардани низоми автоматишудаи пардохт ва назорат дар автобусу троллейбусҳо мебошад.

«Дар бораи ҷорӣ шудани ин низом дар дигар навъҳои нақлиёти мусофирбар, аз ҷумла микроавтобусҳо (маршруткаҳо) танҳо баъди анҷоми муваффақонаи ин марҳила метавон ҳарф зад», - шарҳ доданд онҳо.

Айни замон мувофиқи қарори раиси шаҳри Душанбе аз 19 феврали соли 2018, №101, ба мусофироне, ки корти нақлиётиро барои 50 ва зиёда аз он равуо кардан харидаанд, барои равуо дар автобусу троллейбусҳо 15% тахфиф дода мешавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед