Сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон Нурлан Сейтимов имрӯз дар маросими расмии супоридани кумаки башардӯстонаи Қазоқистон ба Тоҷикистон иштирок кард.

Бо қарори ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон, бо мақсади расонидани  кумаки башардӯстона, барои ба Тоҷикистон овардани 5000 (панҷ ҳазор) тонна мазути сӯзишворӣ, ҳамагӣ 83 систерна, 1,5 миллион доллари ИМА ҷудо карда шуд. 

Гуфта мешавад, сертификати бори мазкур аз ҷониби Сафири Қазоқистон ба муовини директори Агентии захираҳои давлатии моддии назди ҳукумати ҶТ Соҳибҷон Зиёдуллоев супорида шуд.

Зимнан зикр мегардад, ки дар суханронии худ Сафири Қазоқистон Нурлан Сейтимов қайд кард, ки Қазоқистон ба мардуми бародари Тоҷикистон ҳамасола кумаки башардӯстона мерасонад, ки ҳаҷми умумии он аз соли 2006 инҷониб зиёда аз 36 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.