Ҳавопаймои ширкати “Тоҷик Эйр” имрӯз соати 8:00 бояд ба Хуҷанд раҳсипор мешуд. Бо сабабҳои номаълум парвози он муддати беш аз се соат ба таъхир афтод.

“Субҳ вақте мо ба фурудгоҳ омадем, намояндагони он гуфтанд, ки парвоз тариқи ин хатсайр ба таъхир меафтад, чунки ҳавопаймо ҳоло ба ин ҷо наомадааст, - мегӯяд яке аз мусофирон Нуриддин Қаршибоев. – Гуфтанд, ки парвози ҳавопаймо то соати 11:00 мавқуф гузошта мешавад”.

Бино ба гуфтаи мусофир, ҳеҷ касе аз намояндагони ширкат назди мардум баромада, сабаби ин ҳолатро шарҳ надод. “Мо аз кормандони фурудгоҳ дархост дорем, ки аққалан касеро даъват кунанд, лекин моро шунидан намехоҳанд”, - мегӯяд Қаршибоев.

Ба қавли ӯ, муддати тамоми интизорӣ дар толор одамони зиёди ҷамъ шуда, ҳавопаймои хатсайри Маскав-Хуҷанд низ бинобар сабаби номусоидии обуҳаво ба Душанбе фуруд омадааст: “Ин ҷо ҷой намерасад, кӯдакон гиря доранд, занон хеле бисёранд. Ягон ҷойи нишаст нест. Дар ҳамин ҳол, касеро ба берун баромадан иҷоза намедиҳанд”.

Нуриддин Қаршибоев иброз дошт, ки  одамон ҳатто наметавонанд барои худ об харанд, “чунки об дар ин толор хеле гарон буда, лекин одамонро ба берун баромадан иҷоза намедиҳанд, то ки аз он ҷо харанд. “Тоҷик Эйр” дар ин хусус бояд чора меандешид, лекин онҳо ҳатто боре ҳам назди мо набаромаданд”.

1/3

Кӯшишҳои идораи”Азия-Плюс” ҷиҳати тамос гирифтан бо “Тоҷик Эйр” бо ҳама рақамҳои дастраси телефон бенатиҷа анҷом ёфтанд. Гӯширо касе намебардорад.

Дар ҷадвали фурудгоҳи Душанбе вақти парвоз ба Хуҷанд соати 12:00 зикр шудааст.


Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.