Дар асоси дастури Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар робита ба муроҷиати шаҳрвандон бо вазъи санитарӣ-экологӣ ва фаъолияти муассисаи давлатии “Боғи ҳайвонот”-и пойтахт аз наздик шинос шуд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории Душанбе, зимни боздид аз “Боғи ҳайвонот”-и пойтахт гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо шароити нигоҳдошти ҳайвонот, ҳолати санитариву тозагии ҳуҷраҳо барои нигоҳдошт, панҷараҳо, ҳавзҳои парадагон ва роҳравҳо барои сайру гашти сокинон таваҷҷуҳ зоҳир намуд.
Муайян карда шуд, дар самти таъмини шароити нигоҳдории ҳайвонот ва тозагии ҳуҷраҳо, инчунин роҳравҳои боғ баъзе аз камбудиҳо ҷой доранд.
Аъзои гурӯҳи корӣ тамоми ҳуҷраҳо, панҷараҳо ва ҷойҳои махсуси нигоҳдории ҳайвонотро аз назар гузаронида, ба масъулин ҷиҳати таъмини шароити хуби санитариву экологии боғ, аз ҷумла нигоҳубини дурусти ҳайвонот, таъмини шароит нигоҳдошт бо риояи меъёрҳои марбута, таъмини масоҳати зарурӣ бо инобати ҳар як ҳайвони мавҷуда, пайваста тозаву озода нигоҳ доштани ҳуҷраҳои ҳайвонот, бартараф намудани бӯйи ғализ дар баъзе аз мавзеъҳои боғ, таъмини пурраи низоми корезӣ, нигоҳубин ва ба тартиб даровардани ниҳолу дарахтон ва майсазору гулзорҳо дар доираи имкониятҳои Муассиса дастур дода шуд.
Қобили зикр аст, ки муассисаи давлатии “Боғи ҳайвонот”-и шаҳри Душанбе соли 1960 бунёд гардида, то имрӯз ба таври мунтазам фаъолият мекунад.
Ҳоло дар ин макони вуҳуш 135 навъи ҳайвонот бо шумораи умумии 985 сар маскун мебошанд.
Баҳри таъмини тозагиву ободонӣ ва нигоҳубини ҳайвонот 50 нафар кормандон фаъолият намуда, аз ҷумла 32 нафар мутахассисони варзида сафарбар гардиданд.
Давоми чанд соли охир дар асоси созишномаҳои байниҳукуматӣ аз як қатор кишварҳои хориҷӣ ба боғ намудҳои гуногуни ҳайвонот ворид карда шудаанд, ки диққати сокинонро ба худ ҷалб намудааст.
Гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо инобати он, ки имрӯз Боғи ҳайвоноти шаҳр ба яке аз ҷойҳои дидании сокинон ва меҳмонони пойтахт табдил гардидааст, роҳбарият ва кормандони Муассисаро муваззаф сохт, ки дар баробари таъмини тозагиву озодагӣ ва беҳсозии шароити санитариву экологӣ баҳри ба роҳ мондани хизматрасонии мусоир чораандешӣ намоянд.
Дар ин робита, ба масъулини Муассиса тавсия дода шуд, ки баҳри ҷорӣ намудани хизматрасонии муосир ба меҳмонону тамошобинон ба таври ғайринақдӣ-тавассути кортҳои электронӣ чораҳои заруриро роҳандозӣ намояд.
Роҳбарияти Муассисаи давлатии “Боғи Ҳайвонот”- и шаҳр вазифадор гардид, ки тамоми нуқсону камбудиҳои ҷойдоштаро дар кӯтоҳтарин муҳлат бартараф намуда, ҷиҳати роҳ надодан ба чунин ҳолатҳо назорати доимиро ба роҳ монад.
Аввали соли гузашта мақомоти шаҳрдорӣ изҳор намуда буд, ки ба ҷойи дигар кӯчонидани Боғи ҳайвонотро дар нақша дорад. Қаламрави каме дуртар аз бозори “Корвон” макони нави сохтмони “Боғи ҳайвонот” номбар шуда буд. Лекин аллакай бо гузашти беш аз як сол дар ин масъала пешрафт дида намешавад.
Охири тобистони соли 2018 дар мақомоти шаҳрдории Душанбе ба мо дар ин робита хабар дода буданд, ки барои сохтмони боғи нави ҳайвонот то ҳол сармоягузорон дарёфт нашудаанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.



В Таджикистане выросла плата за государственные детские сады
На юге Таджикистана задержан мужчина по подозрению в убийстве бывшей жены
Россия за 11 месяцев 2025 года выдворила более 54 тысяч мигрантов
Новые и очень важные фильмы Центральной Азии в 2025 году
Из Германии в Таджикистан депортирован 21-летний мужчина, подозреваемый в подготовке нападения
На таджикско-узбекской границе построят новый логистический центр
Лидер таджикской диаспоры в Пермском крае лишён гражданства РФ и выдворен из страны
Главные тренды 2025 года в Таджикистане: от Рогуна до миграции
Лучшие из лучших: кто стал победителем транспортных конкурсов в Таджикистане
«Саида так сказала, значит, так и будет»: Саида Мирзиёева рассказала о работе, отце и семье
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста