Мушкили асосии сайёҳон барои дидани зебоиҳои Бадахшон вайронии роҳҳо ва набудани нақлиётӣ ҳавоӣ аст.
Мувофиқи омор, вуруди сайёҳҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон, аз ҷумла Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нисбат ба соли гузашта афзудааст. Дар шаш моҳи аввали соли 2019 ба ин минтақа 3 426 сайёҳи дохилию хориҷӣ ворид гардидаанд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 1 491 нафар зиёд мебошад.
Барои хизматрасонӣ ба сайёҳон айни замон дар шаҳри Хоруғ 64 меҳмонхона кору фаъолият мекунанд.
Сайёҳони хориҷӣ Бадахшонро барои кӯҳҳои сарбафалкашида ва зебоманзар дӯст медоранд, аммо лаззат бурдан аз ин зебогиҳо осон нест. Сайёҳон, ки аз сафари дуру дароз ва парвозҳои тулонӣ хаста мешаванд, бештар аз роҳҳои ноҳамвори Бадахшон шикоят доранд.
“Мо новобаста аз дурӣ ва вайронии роҳҳо ба Бадахшон сафар кардем ва пушаймон ҳам нестем. Бо дидани зебогиҳои Бадахшон хастагиҳо фаромӯш мешаванд, ҳавои тоза рӯҳу тавон мебахшад”,- мегӯяд Майкл Райс, сайёҳ аз Амрико.
Мутахассисон низ мегӯянд бештари вақт сайёҳон аз вайронии роҳҳо ва набудани ҳавопаймо то шаҳри Хоруғ шикоят мекунанд.
“Гарчанде сайёҳон аз дидани табиати зебо ва ҷойҳои таърихӣ, “Гармчашма” ва кӯли “Сарез” ҳаловат мебаранд, аз набудани ҳавопаймо то шаҳри Хоруғ ва роҳи пурмашақат то Бадахшон шикоят мекунанд ва дилгир мешаванд”, - гуфт Шоҳмурод Муродов, мутахассиси пешбари шӯъбаи рушди сайёҳии ВМКБ.
Ӯ мегӯяд мушкилоти нақлиёт барои сайёҳон дар ҳудуди худи вилоят низ вуҷуд дорад.
“Бештарашон на бо мошин, балки бо дучархаю мототсикл вориди Бадахшон мешаванд. Дар ёфтани нақлиёти мусоид барои сафар дар дохили Помир низ мушкил пеш меояд. Баъзе аз мушкилии набудани нақлиёти мувофиқ барои саёҳати низ изҳори норозигӣ мекунанд”, - илова кард Муродов.
Мутахассисон мегӯянд, агар роҳи Душанбе-Хоруғ таъмир ва ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ гардад, шумораи сайёҳон афзоиш меёбанд. Сайёҳон низ мегӯянд бо хуб шудани роҳҳо бештар сафар хоҳанд кард.
“Пеш аз сафар ҳама сайёҳони хориҷӣ шарҳи сайёҳони дигарро дар интернет мехонанд. Агар дар ин сомонаҳо маълумот дар бораи Бадахшонро кобед, каме шикоят аз ҳолати роҳҳо меёбед. Шояд баъзе аз сайёҳон бо хондани ин хабарҳо ва дидани аксҳо аз сафар худдорӣ кунанд. Ман фикр мекунам бо беҳтар шудани ҳолати роҳҳо сайёҳон бештар ба Помир меоянд”, - гуфт Майкл Райс, сайёҳ аз Амрико.
Охири моҳи август ҷонишини якуми вазири нақлиёт Суҳроб Мирзозода ба “Азия-Плюс” хабар дод, ки барои азнавсозии қитъаи роҳ то ВМКБ аз Қалъаи Хумб то ноҳияи Рӯшон бо грантдиҳандагони Чинӣ гуфтугузор давом дорад. Аммо кай маблағ ҷудо ва роҳ азнавсозӣ мешавад, маълум нест. Ҳамчунин ин фақат як қисмати роҳи Душанбе-Кӯлма аст.
Мавод дар доираи барномаи «Рузноманигорони мардумӣ», ки бо дастгирии Internews дар доираи Барномаи расонаҳои Осиёи Миёна - CAMP амалӣ мешавад, омода шудааст. Гузориши пешин дар доираи ин лоиҳа бо суроғаи зерин қобили дарёфт аст.
Первую гостиницу Душанбе важно сохранить
Куандык Бишимбаев приговорен к 24 годам лишения свободы за убийство жены
Как 23-летняя девушка из Таджикистана трансформирует микрокредитование на Ближнем Востоке и в Центральной Азии
Республиканский турнир TAJMMAF: путь к Чемпионату мира
Узбекистан даст Казахстану более 900 млн кубометров воды в поливной сезон
В Душанбе молодая девушка родила первенца в «Олуча Такси»
В Армении на акциях в поддержку отставки Пашиняна задержали 151 человека
Фотограф из Таджикистана представит свои работы на медиа-форуме «Диалог Культур»
Узбекистан в 2024 году освоит $5 миллиардов российских инвестиций
Почему Путин снял Шойгу и почему назначил экономиста министром обороны?
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста