Ширкати сохтмонии “Техстрой”-и Русия тасмим дорад 1000 коргари тоҷикро барои кор ба ин кишвар барад. Ҳайати беш аз 15-нафарии ин ширкат феълан дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд  қарор дошта, ду рӯз аст, ки қабули асноди коргаронро оғоз кардаанд. Гуфта мешавад, имрӯз, 4-уми март дар шаҳри Душанбе сабни номи коргарон барои кор дар ин ширкат оғоз мешавад.

Диловар Муродов масъули Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд ба “Азия-Плюс” гуфт  ширкати “Техстрой”- и Русия дар мувофиқа ва бо иҷозаи Ҳукумати Тоҷикистон ва Ситоди муқобила бо коронавирус барои ҷалби қувваи корӣ ба кишвар омадааст. Вай гуфт,  то иҷозаи вуруд ба Тоҷикистон давоми як моҳ Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон бо намояндагии худ дар Русия фаъолияти ширкатро санҷиданд.

“Бовари ҳосил шуд, ки ширкат “Техстрой”  дар ҳақиқат тӯли чанд сол инҷониб бо ҷалби қувваи корӣ аз Осиёи Миёна машғул аст ва баъд иҷозат шуд. Ҷалби коргарон дар доираи қонун аст ва гуфта метавонем, ки муҳоҷирони Тоҷикистон бе ягон мамониат муроҷиат кунанд ва кафолати онҳо  аввалан дар зимаи ширкат аст. Вале дар ҳамкорӣ бо Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ҳисоботдиҳанда ҳастанд. Оиди будубоши тоҷикон ва кору фаъолияти онҳо мо тавассути намояндагии Вазорати муҳоҷират дар Русия бохабар мешавем”.

Ин ширкат асосан мутахассисони ботаҷрибаи деворгар, дуредгар, сафолакчин, мутахассиси бетонрез ва дигар коргаронро барои иншооти сохтмонии  шаҳри Маскав ва вилоятҳои тобеи он ҷалб мекунад.

Николай Попов роҳбари лоиҳаи ширкати “Техстрой” дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, пеш аз қабули ҳуҷҷати кормандон аввал онҳоро месанҷанд, ки оё забони русиро медонанд, таҷрибаи кор бо лоиҳаҳои сохтмониро балад ҳастанд ва ё қоидаҳои истифодаи дастгоҳҳои сохтмониро медонанд ва ё не. Чун ӯ мегӯяд, на ҳамаи муҳоҷирон ҳуҷҷати тасдиқкунандаи кор дар сохтмонро доранд.

Дар ин ширкат бартарӣ танҳо ба мутахассисе дода мешудааст, ки таҷрибаи хуби корҳои пешниҳодкардаро дошта бошанд, ки қаблан корфармоён дар Русия аз ин ҳунари онҳо бархӯрдор гаштаанд.  Николай Попов мегӯяд, онҳо пеш аз бастани шартномаи дуҷониба бо коргар дар худи Тоҷикистон нархномаи ҳар як кори иҷрошавандаро вобаста ба метри мураббаъ пешниҳод мекунанд.


“Музди меҳнати аз ҳама пасттарин 23 ҳазор рубли русӣ аст. Ин ҳам барои он коргаре, ки агар як моҳ  кор кунад.  Аммо кор дар ширкат мувофиқи ҳаҷми кори аз ҷониби коргар иҷро шуда аст, ки ҳар қадаре ҳаҷми корро зиёдтар анҷом диҳанд ҳамон қадар зиёд пул мегиранд. Мисол аз 1000 то 500 доллар моҳе кор кардан мумкин аст ва ин вобаста ба сифати кор ва ҳаҷму натиҷаи кори мутахассис аст”. 

Азим Ботуров  як сокини Деваштич, ки барои кор дар ин ширкат худро ҳамчун бетонрез номнавис кардааст мегӯяд,  аз имкониат ва нархномаи кор огаҳ шуд ва мехоҳад дар иншооти сохтмонии “Техстрой”  кор кунад.  Бино ба ҳисоби пешакии ӯ, ки 21 сол инҷониб муҳоҷир аст эҳтимолан моҳе 45-50 ҳазор рубли русӣ кор мекунад ва ин ҳам вобаста ба ҳаҷми кораш будааст. 

Ба Гулмуҳаммад Ашӯров, ки таҷрибаи 17-солаи сафолакчинӣ дар Русияро дорад, масъулини ширкати сохтмонӣ гуфтаанд давоми 40 рӯзи баъди вурудаш ба ин кишвар бо ҷойи хобу хӯроки ройгон таъмин мекунанд. 

Аммо Николай Попов масъули ширкати “Техстрой” мегӯяд, дар мувофиқа бо бонки Русия масъалаи маблағгузорӣ  барои иҷозаи кор, хариди билети ҳавопаймо, ташхиси тиббӣ, имтиҳони забони русиро баррасӣ доранд ва эҳтимолан ҳалли худро меёбад.  “Баъди оғози кор давоми  6 моҳ коргар он маблағҳои ба ӯ сарфшударо ба бонк бармегардонад.  Ин ҳамаш тарики автоматӣ аз корти коргар гирифта мешавад, ки ба онҳо медиҳем. Тахмин 70-90 ҳазор рубли русӣ ба ин корҳо сарф мешавад, ки ин ҳам вобаста ба билети ҳавопаймо аст. Ҳоло бо ширкати ҳавопаймоӣ  ва бонк дар ин масъала гуфтушунид рафта истодааст” мегӯяд ӯ. Ва илова намуд, ки ин гуруҳи коргаронро  баъди сафар намояндагони ниҳодҳои марбутаи Тоҷикистон дар фурудгоҳ пешвоз мегиранд ва давоми 14 рӯз дар карантин мемонанд.

“Аз рӯзе, ки ба хобгоҳ ворид мешаванд ҳамаи хароҷот дар зимаи ширкат аст. Дар масъалаи хӯрок то гирифтани якумин музди меҳнат ширкат пардохт мекунад. Маблағи корҳои логистикӣ, бурдан овардани муҳоҷирон ба идораҳо барои ҳуҷҷатгириро ширкат пардохт мекунад”.

Тасмим ҳаст гурӯҳи корӣ аз Тоҷикистон моҳҳои апрел барои кор ба Москва сафар кунанд.