Аз 1 апрел дар Тоҷикистон мавсими даъвати баҳорӣ ба хидмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ оғоз мегардад.

Маъракаи даъвати баҳорӣ ба хидмати ҳатмии ҳарбӣ ду моҳ - апрел ва май ҷараён мегирад. Шаҳрвандони синни аз 18 то 27-сола, ки ба таъхири муҳлати хидмат ё озод будан аз хидмати ҳарбӣ ҳуқуқ надоранд, ба хидмат даъват карда мешаванд.

Ба маъракаи кунунии даъват муовини сарвазири ҷумҳурӣ Матлубахон Сатториён роҳбарӣ мекунад.

Ёдрас мекунем, ки палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон рӯзи 20 январ ба таҳрири нави қонун “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ” мувофиқат кард.

Мувофиқи тағйирот, дар ҷумҳурӣ намуди нави хидмат барои ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ ҷорӣ мешавад. Муҳлати он як моҳ ва бо пардохти маблағи муайян пешбинӣ гардид.

Ба хатмкардагони макотиби олӣ низ акнун лозим меояд, ки дар артиш як сол хидмат кунанд. Хатмкунандагоне, ки як сол хидмат кардан намехоҳанд, низ бояд бо пардохти маблағ як моҳ хизмат кунанд.

Ғайр аз ин, мутобиқи қонуни нав, уҳдадори даъватшавандагон ва волидони онҳо зиёдтар шуд.  Бар асоси қонуни нав, дар сурати ҳузур надоштани даъватшаванда, волидон (ё шахсони ивазкунандаи онҳо) ба қабули даъватнома бо забонхат ва ба шаҳрванди даъватшаванда ба хидмат расонидани он уҳдадор мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.