Ба хонаводаи ҳар кушташудаи даргириҳои марзӣ дар ҳаводиси рӯзи 29-30 апрел дар Тоҷикистон 70 ҳазор сомонӣ ёрии молӣ доданд. Ин ёриҳоро раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва фармондеҳи Неруҳои марзбонии КДАМ Тоҷикистон Раҷабалӣ Раҳмоналӣ зимни аёдат ва ҳолпурсии хонаводаҳои қурбониён имрӯз аз номи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон супурдаанд
Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд ин кӯмакҳо ба хонаводаи сокини ҷамоати деҳоти Сурх - Бахтовар Маҳмудов, сокинони ҷамоати деҳоти Чоркуҳ - Собир Ваҳобов, Манучеҳр Қаландаров, Ҳакимбой Ниёзов, Нусратулло Набиев, Ҳасанхон Шаропов, Далер Эшонов, Иброҳим Ҳошимзода, Ҳикматулло Махкамов ва сокини ҷамоати деҳоти Ворух - Меҳрӯзиддин Болтаев расонида шудаанд.
Аҳмадзода ва Раҳмоналӣ ба хонаводаҳои қурбониёни даргириҳо рафта, изҳори ҳамдардиву таслият карда гуфтаанд, ки "қаҳрамониҳои фарзандони шуҷои Ватан ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад шуд ва ҷоннисориҳои фарзонагони давр, ки барои ҳифзи хоки сарзамин худро сипар сохтанд, дар саҳифаҳои таърихи миллат абадан сабт мегардад".
Раиси вилояти Суғд гуфтааст, ки ҳукумат аҳли оилаи шахсони фавтидаро ҳеҷ гоҳ танҳо намегузорад ва ҳамеша барои дастгирии онҳо, аз ҷумла фарзандони шаҳидон чораҷӯӣ мекунад. То ба синни балоғат расидани фарзандони шахсони марҳум ба таълиму тарбияи онҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуда, пас аз хатми мактаби миёна тавассути квотаҳо барои таҳсили онҳо дар муассисаҳои олӣ мусоидат карда ҳоҳад шуд. Ҳамзамон барои поси хотири шаҳидон лавҳаи ёдбуд гузошта мешавад.
То имрӯз тибқи иттилои расмӣ Тоҷикистон даргириҳои марзӣ бо Қирғизистон 18 кушта ва беш аз 80 захмӣ дорад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
«Я всё еще не могу понять эту актёрскую профессию и ищу в ней что-то неизведанное». Хошиму Гадо 87 лет
Коалиция против пыток в РТ: в 2023 году документировано 16 обращений от предполагаемых жертв пыток
Сотни мигрантов из Таджикистана не смогли получить патенты в Санкт-Петербурге
Таджикистан и Кыргызстан договорились усилить разъяснительную работу в приграничных районах
Таджикистан и США подписали документ о внедрении системы для регулирования передвижения террористов
Как таджикский ветеран нашел своих освободителей из лагеря Освенцима
Таджикистан и Китай планируют модернизацию «Таджикского алюминия», строительство эстакад и реконструкцию дороги до Кульмы
Армения отказалась от финансирования ОДКБ в 2024 году
Дзюдоисты Таджикистана примут участие в двух важных турнирах перед Олимпиадой-2024
В ГБАО сошла лавина, а в Нурабаде – сель
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста