То субҳи 29 июн шумори сироятёфтагон аз коронавирус дар Тоҷикистон тибқи маълумоти Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ 13 ҳазору 460 нафарро ташкил медиҳад.

Шумори беморон рӯзи якшанбе 24 нафар ва рӯзи душанбе - 21 нафар афзуд. Бино ба маълумоти омори расмӣ, теъдоди шифоёфтагон 13 ҳазору 271 нафарро ташкил дода, давоми ду шабонарӯз 19 нафар аз беморӣ шифо ёфтаанд.

Шумори фавтидагон бар асари бемории мазкур бетағйир - 90 нафар боқӣ мемонад. Ин дар ҳолест, ки дар расонаҳо рӯзҳои 27-28-уми июн аз марги чандин нафар шахсиятҳои маъруф бар асари ибтило шудан ба каронавирус нашр шуда буд. 

Тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ, то имрӯз дар кишвар зиёда аз 200 ҳазор нафар ваксина гирифтаанд, ки 18 ҳазор нафарашон аллакай таркиби дуюми онро ҳам гирифтаанд.

Дар ҳамин ҳол, дар Маскав бо реҷаи озмоишӣ ваксинзании муҳоҷиронро бо ваксинаи “Спутник Лайт” оғоз карданд. Дар ин бора раиси шаҳри Маскав Сергей Собянин хабар додааст, иттилоъ медиҳад РБК.

Бунгоҳҳои эмкунӣ барои муҳоҷирон дар Маркази бисёрсоҳавии Сахарово ва Маркази савдои “Садовод” боз шудааст.

скриншот аз видео 1TV.ru

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.