Ҳудуди ду моҳ мешавад, ки сокинони Душанбе аз вуҷуди мушкилот дар кори шабакаҳои гармидиҳӣ ва сардии хонаҳояшон шикоят мекунанд. Пештар масъулин ин мушкилро таъйид карда, гуфта буданд, он дар Маркази барқу гармидиҳӣ-1 (МБГ-1) эҷод шудааст. “Азия-Плюс” аз роҳбарияти ин марказ сабаби мушкилӣ ва имкони бартараф шудани онро пурсид.

Дар МБГ-1 мушкили пайдошударо ба он рабт доданд, ки ин марказ бо гази табиӣ фаъолият мекунад ва дар кори он норасоии маводи сӯхт ба вуҷуд омадааст.

Нарзибек Раҷабов, муовини раиси МБГ-1, 27-уми декабр дар сӯҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, “гази табиӣ ба маркази мо аз Ӯзбекистон дастрас мешавад, вале бо сабабҳои таъмирӣ аз сӯи ин кишвар барои дастрасӣ ба гази табиӣ баъзе маҳдудиятҳо пеш омад”.

“Дар бораи камбуди гази табиӣ аз сӯи “Тоҷикгаз” ба МБГ-1 мактуб дастрас шуд ва мо дар ин давра аз захираҳои мазут истифода бурдем. Ҳозир газ дастрас аст ва кори коргоҳ бо он ба роҳ монда шудааст”, - афзуд Раҷабов.

Ба гуфтаи ӯ, дараҷаи гармии истеҳсолмекардаи МБГ-1 аз ҳарорати ҳаво дар берун вобаста. Яъне агар ҳарорати ҳаво дер берун муътадил бошад, дараҷаи гармие, ки марказ интиқол медиҳад, низ каме паст ва агар ҳаво сард бошад, баланд хоҳад буд. Ин масъул мегӯяд, ҳарорати гармии МБГ-1 аз 50 то 80 дараҷа аст ва ин дараҷа барои гармиҳои имрӯза дар Душанбе кофӣ аст.

Нарзибек Раҷабов

Ваъдаи “Тоҷикгаз” ба МБГ-1

Ба гуфтаи Нарзибек Раҷабов, МБГ-1 дар замони шӯравӣ низ газро аз Ӯзбекистон дастрас мекард. Аммо пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ интиқоли гази табиӣ аз Ӯзбекистон ба кишвар қатъ гардид.

Ба қавле Нарзибек Раҷабов, пас аз қатъи интиқоли газ аз Ӯзбекистон, яъне то соли 2018, МБГ-1 бо мазут фаъолият мекард ва танҳо дар ин сол истифодаи гази табиӣ дар МБГ-1 аз нав гирифта шуд.

Тавре муовини МБГ-1 гуфт, бо он миқдор гази табиие, ки ҳоло тариқи қубурҳо аз Ӯзбекистон интиқол меёбад, дар ҳавои начандон сард метавон фаъолият намуд ва ба аҳолӣ гармӣ дод, аммо дар сардиҳо гази табиии бештар лозим аст.

“Дар чандвақтаи охир, ки ҳаво нисбатан гармтар аст, интиқоли гармӣ ба биноҳои пойтахт мушкил надорад. Вобаста ба хунукиҳои ду моҳи дигари дар пеш буда, “Тоҷикгаз” ваъда додааст, ки МБГ-1-ро бо гази табиӣ таъмин мекунад”, - таъкид кард Нарзибек Раҷабов.

Маркази барқу гармидиҳӣ-1

“Мушкил танҳо дар мо нест”

Муовини МБГ-1 мегӯяд мушкилоти гармидиҳӣ танҳо ба маркази гармидиҳӣ вобаста нест, он бо кори корхонаҳои воҳиди давлатии “Обу корези Душанбе”, “Ширкати барқу гармидии Душанбе” ва “Барқи тоҷик” низ алоқаманд буда, агар дар яке аз ин ниҳодҳо мушкил эҷод шавад, дар кори МБГ-1 низ мушкил пайдо мешавад”, - гуфт Нарзибек Раҷабов.

Ин масъули МБГ-1 иддаои пайдоиши мушкилӣ пас аз пайваст кардани биноҳои нав ба маркази гармидиҳиро рад карда, гуфт, ки ин ба дараҷаи пастиву баландии ҳарорат таъсир расонида наметавонад.

“Ба мо шикояти сокинон расид. Мо рафта, ҳар яки онро санҷидем. Маълум шуд, ки бештари қубурҳои худи бино танзими дуруст нашуда будаанд”, - гуфт Нарзибек Раҷабов.

Гуфтан ба маврид аст, ки дар гузашта, Дилшод Одиназода, муовини раиси шаҳри Душанбе, низ дар як тамоси телефонӣ бо “Азия-Плюс” омили аслии гармии кофӣ надоштани дастгоҳҳои гармидиҳиро дар бино ва хонаҳои сокинон рабт дода буд.

“Дар сурати баста будани қубури обгузари як хона гардиши об ба мушкил мувоҷеҳ мешавад ва фишор ва ҳарорати об паст мегардад”, - гуфта буд Дилшод Одиназода.

Дар ҳамин ҳол, аксари сокиноне, ки шикоят аз сардии хонаи худ ва мушкили маркази гармидиҳӣ мекунанд, таъкид менамоянд, ки чандин маротиба қубурҳои обгузари бинову хонаҳои худро санҷидаву аз назари мутахассисон низ гузаронидаанд, аммо мушкил ҳалношуда боқӣ мондааст.

Ёдовар мешавем, ки имсол дар шаҳри Душанбе аз 14-уми октябр мавсими гармидиҳӣ оғоз шуд. Он замон масъулин гуфта буданд, ки таъмини аҳолӣ бо гармӣ омодаанд, вале сардиҳои чанд ҳафтаи охир собит кард, ки низоми гармидиҳӣ дар пойтахт ба таври зарурӣ танзим нашуда, ба мушкил мувоҷеҳ гардидааст.

Ба гуфтаи сокинони пойтахт, ҳоло дар маҳаллаҳои Зарафшон, Испечак-2, Яккачинор, “Профсоюз”, Раҳимӣ 11, маҳаллаҳои 11, 12, 33, 46, 61, 63, 82, 101, 102, 103, 112 ва атрофи он таҷҳизоти гармидиҳии хонаҳо заиф кор мекунанд, фишори паст дорад ва манзилашон гарм намешавад.

Истиқоматкунандагон мегӯянд, барои гарм кардани хонаҳо маҷбур шудаанд, ки аз таҷҳизоти гармидиҳии барқӣ ва кондитсионер истифода кунанд. Дар чунин вазъ, онҳо ҳам барои барқ ва ҳам гармӣ маблағ пардохт мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.