Кумитаи буҷет ва андози Думаи давлатӣ пешниҳод кард, ки ҳаҷми пешпардохтҳои сабтшуда, ки аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ ҳангоми амалисозии фаъолияти меҳнатӣ дар Русия пардохта мешавад, боло бурда шавад. Дар ин бора Kun.uz хабар медиҳад.

Тағйироти дахлдор ба қонунгузорӣ аз ҷониби намояндагони ҳизби “Справедливая Россия” омода шудааст.

Мувофиқи лоиҳаи қонун, ҳаҷми пешпардохтҳои сабтшуда, ки аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ ҳангоми амалисозии фаъолияти меҳнатӣ дар Русия пардохта мешавад, то 4800 рубл (ҳозир 1200 рубл) зиёд мешавад.

Дар шарҳи он зикр мешавад, ки ахиран нигаронии шаҳрвандони Русия аз теъдоди муҳоҷирони меҳнатии машғули кор дар Русия ва ҳамчунин мушкилоти мутобиқшавии онҳо ба ҷомеаи Русия равшан зоҳир мегардад.

Аз рӯи натиҷаҳои соли 2022 теъдоди шаҳрвандони хориҷие, ки барои кор ба Русия омадаанд, ба 3,47 млн нафар расидааст. Дар ҳамин ҳол, зиёда аз 90%-и муҳоҷирони корӣ аз Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон омадаанд.

Дар як сол шумори далелҳои ба қайди муҳоҷират гузоштани хориҷиён бо назардошти дароз кардани муҳлати қайд ва дубора ба қайд гузоштан 11,8 млн нафарро ташкил додааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.