Дар доираи лоиҳаи «Гуногунии биологии кӯҳҳои Ҳисор», ки аз тарафи барномаи энерҷӣ ва муҳити зисти БРСММ бо дастгирии молиявии БРСММ ва Хазинаи Глобалии Экологӣ (ГЭФ), инчунин бо ташаббуси аҳолии маҳаллӣ ва дастгирии бевоситаи ҳукуматҳои ноҳияҳои Ҳисор ва Шаҳринав амалӣ мешавад, дар деҳаҳои Сангмелаи ҷамоати Сабои ноҳияи Шаҳринав ва деҳаи Тахти ҷамоати Хонақои Кӯҳии ноҳияи Ҳисор ду Маркази саломатӣ сохта ба истифода дода шуд.
Мутахассисони соҳа бар он назаранд, ки дар марказҳои мазкур ба 72 хоҷагии деҳаи Сангмела бо миқдори умумии 610 нафар ва ба 103 хоҷагии деҳаи Тахт бо миқдори 811 нафар хизмат расонида мешавад. Марказҳо барои беҳдошти саломатии модарон ва кӯдакон мусоидат намуда, ёрии ҳозиразамони тиббиро ба шахсони кӯҳансол, аз он ҷумла, собиқадорон мерасонад. Инчунин марказҳо ёрии машваратиро барои занони ҳомиладор пешкаш менамоянд.
Бояд зикр намуд, ки мушкилоти набудани марказҳои тиббӣ дар деҳаҳои номбаршуда аз тарафи худи аҳолии ҷамоаҳо ҳангоми гузаронидани тадқиқотҳо барои муайян кардани мушкилиҳое, ки ба ҳифзи муҳити зист таъсир мерасонад, пеш омада буд. Бо мақсади дастгирии ташаббуси аҳолии маҳаллӣ ва тайёр будани мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ барои ҳалли масоили иҷтимоӣ-иқтисодиро ба назар гирифта, аз тарафи БРСММ барои иҷрои ду лоиҳа – сохтмони ду маркази тиббӣ мусоидат карда шуд.
Ҳукуматҳои ноҳияҳои Шаҳринав ва Ҳисор, инчунин намояндагони вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як ҷаҳон миннатдорӣ иншоотҳои мазкурро қабул карданд ва омодагии худро барои ҳамкориҳои оянда ва давом додани дастгирии ташаббусҳои ба ин монанд дар мавзеъҳои дурдасти деҳот баён намуданд. Чуноне дар сӯҳбат менеҷери лоиҳаи БРСММ оид ба энерҷӣ ва ҳифзи муҳити зист Аҳад Маҳмудов иброз дошт, дастгирии ташаббусҳои аҳолии маҳаллӣ барои ноил шудан ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола нигаронида шуда, инчунин барои тараққӣ додани инфрасохтори деҳот, ҳифзи сиҳатии мардум ва барои ноил шудан ба устувории экологӣ дар минтақа равона карда шудааст.
БО МУСОИДАТИ БРСММ ДАР ТОҶИКИСТОН ОМОДА ГАРДИД
Он возродил таджикскую миниатюру и основал школу. Ко дню рождения Олима Камолзода
Выиграл или нет: Как проверить результаты лотереи Green-Card?
Владимир Путин пригласил Эмомали Рахмона на 9 мая в Москву
Верховный представитель ЕС: «Независимые СМИ сталкиваются с угрозами своему существованию во всем мире»
Агентство трудовой миграции: У узбекистанцев нет проблем с въездом в Россию
Великобритания назначила нового посла в Таджикистане
От блокировок до посадок: Журналистам в Таджикистане официально не рады
На юге Кыргызстана мини-грузовик сбил более 30 школьников
В Душанбе состоялся тренинг по доконтактной профилактике ВИЧ-инфекции
АБР советует странам ЦАРЭС региональный подход к разработке зеленых стандартов
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста