Баъд аз нисфирӯзии 28-уми июл бар асари боришоти зиёд дар деҳоти Понғоз ва Ашт сели шадид омада, чандин мавзеъро ба харобазор мубаддал кард.

Сокини ҷамоати деҳоти Понғоз Наимҷон Тошматов мегӯяд, ки тақрибан соати 15 аз омадани сел бохабар шуда, мардумро саривақт огоҳ кардааст. Ӯ корманди хоҷагии ҷангали ба номи Нурулло Ҳувайдуллоев буда, аснои ҳаракаташ ба самти кӯҳсор фуромадани селро дидааст. Вай нақлашро чунин идома дод: «Аз тирезаи мошин сарамро бароварда, фақат ба тарафи мардум фарёд задам, ки биравед, дамба задагӣ, оби калон меояд. Баъд ба маркази Понғоз омада, ба мардум гуфтем. Дар ин ҷо рӯзи панҷшанбе қариб бозор мешавад, ки мардум тармеваю дигар чизҳояшонро ин ҷо гузошта буданд. Ба онҳо гуфтем, ки ҳамаи боратонро гиред. Мардум бовар накарданд, лекин 2-3 нафар ба мо ҳамроҳ шуда, бо дастгирии онҳо мардумро дуртар бурдем. Баъд аз 18-20 дақиқаи ман омадан сели калон расид, баландии лойобааш 2-3 метр, бо шоху дарахтони решакан».

Ба гуфтаи сокини дигари ин деҳа Шаҳноза Воҳидова , дар натиҷаи тамба шудани мошини боркаши «Зил» ба кӯпруки назди бинои ҷамоат, лойоба аз ду тарафи сой баромада, маркази ҷамоатро вайрон кардааст. Ин бону, ки шоҳиди бевоситаи офати табиист, ҳангоми суҳбат ба мо чунин гуфт: «Фаромади сел ҳамин хел буд, ки гӯё ба даруни равған суманакро мерезед, лойоба мисли ҳамон ҷӯшида, балақ-балақ мебаромад. Пеши хонаи мо як садаи калон буд, онро пӯшонид. Хонаи ман, ки дар назди сой аст, аз шиддати сел меларзид. Ман бачаҳоямро ба оғӯш гирифта, аз тарс дилам қариб аз кор монд, дилкасал шудам».


Тибқи маълумоти пешакии Ситоди ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ноҳияи Ашт, дар натиҷаи омадани сел 10-15 километр роҳҳои нақлиётии деҳоти Понғоз ва Ашт, наздик ба 10 автомашина, 1 чойхонаи маркази ҷамоат ва 3-4 манзилу фурӯшгоҳ, ҳамчунин теъдоде аз симчӯбҳои хатти барқ хароб шуданд. Комиссияҳои ноҳиявӣ оид ба рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ айни замон дар маҳалли ҳодиса машғули кор буда, ҳаҷми умумии хисорот муайян карда мешавад.

 


Ҳангоми рафтан ба минтақаи сел мушоҳида кардем, ки ду тарафи канори сойи ҷамоати деҳоти Понғоз тақрибан ним метр аз лой пур шудааст. Ин ҳолат ҳаракати нақлиётро маҳдуд карда, боиси тамбашавии мошинҳо гардидааст. Зимни боздид маълум шуд, ки бар асари афтодани симчӯбҳо бошандагони маҳаллаи Шаххак ва Шоҳанбарӣ бе қувваи барқ монданд. Алҳол барои бартараф кардани оқибатҳои сел якчанд нақлиёти махсус дар ин ҷамоат кор мебарад.

 


Ҳамон рӯз дар деҳаи Ашт низ тақрибан соати 16 аз кӯҳи Бобои об сели шадид омада, шумораи зиёди чорвою автомашинаҳои сабукравро бо худ овардааст. Ба гуфтаи Абдурашид Қурбонов , раиси ҷамоати деҳоти Ашт, дар натиҷаи сел як пули калон ва чанд кӯпруки одамгузар вайрон шудааст. Пули калоне, ки Ашти поёнро ба 4 деҳаи дигар - Ашти боло, Пискокат, Бобоқир ва Обиашт мепайваст, комилан хароб гардидааст.

 


Ёдовар мешавем, ки 40 рӯз пеш ҳам дар ин мавзеъ чунин сели шадид омада буд, ки бар асари он 55 кӯпруки хурду бузург ва 12 километр роҳ пурра вайрон шуд. Дар умум ба хоҷагии халқи ҷамоати деҳоти Ашт ба маблағи зиёда аз 2 миллиону 650 ҳазор сомонӣ зарар расид. Ин хисорот аз ҷониби ҳукумати ноҳия, корхонаву ташкилотҳои гуногун ва соҳибкорон барқарор карда шуд.


Аммо ҳангоми боздиди мо аз ҷойи офатзада маълум шуд, ки бо омадани сели ахир тамоми роҳу пулҳои барқароршуда дубора хароб гардиданд.