Китобхонаи оилавии Мисбоҳиддини Нарзиқул, профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар озмуни шаҳрии “Беҳтарин китобхонаи оилавӣ” сазовори ҷойи аввал гардид. Хабарнигори Азия-Плюс ба суроғи ин адабиётшиноси тоҷик рафт ва пиромуни китобхонаи ӯ, тарғиби фарҳанги китобхонӣ, мавқеи китоб барои насли нав ва мазмуну муҳтавои асарҳо суҳбат орост.

Мисбоҳиддини Нарзиқул, ки беш аз 30 сол инҷониб дар факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ДМТ) дарс мегӯяд, ба китобу фарҳанги китобхонӣ таваҷҷуҳи вижа дорад. Ба нақли ӯ, хонаводаи ӯ ба китоб пайванди ҳамешагӣ доштаанд ва ниёконаш соҳибкитоб будаанд. Ин аст, ки аз муҳити хонавода меҳри китоб дар дилаш маскан гирифтааст.

 

“Ҳама гуна китоб арзиши як бор хонданро дорад”

Ин адабиётшиноси тоҷик аз муҳити адабии деҳааш (Артучи Панҷакент) ва вазъи китобхонаҳо дар он замон таъриф карда, гуфт, мактабе, ки ӯ таҳсил мекард, бо лавозимоти техникӣ, озмоишгоҳҳои физикаву химияву биология, ҳуҷраҳои фаннӣ, аз ҷумла китобхона таъмин буд.

“Баъди омадан ба Душанбе ва як муддат фаъолият дар яке аз макотиби шаҳр мушоҳида намудам, ки мактаби деҳаи мо камтар аз ягон мактаби шаҳр набуд”, - мегӯяд мусоҳиби мо.

 

Ба нақли ӯ, дар деҳааш ду китобхона мавҷуд буд - яке китобхонаи мактабӣ ва дигаре китобхонаи колхоз, ки дар бинои мактаби кӯҳна ташкил шуда будааст. Он замон китобдор ҳангоми қабули китоб аз мазмуну муҳтавои китоб суол мекардааст, то итминон ҳосил кунад, ки хонанда китобро воқеан хондааст ё на.  Ҳамчунин бо ҳамсабақонаш як навъ мусобиқаи китобхонӣ мекардаанд ва ба ҳамдигар китобҳои хондаашонро тавсия медодаанд.

“Он замон мо фарқ намегузоштем, ки чӣ китоб хуб асту чӣ бад. Ба назарамон чунин менамуд, ки бояд ҳама китобро хонем. Ва баъдтар  огоҳ шудем, ки воқеан ҳама гуна китоб арзиши як бор хондан ва пиромунаш фикр карданро дорад”, - афзуд Мисбоҳиддини Нарзиқул.

Ба нақли ӯ, замони кӯдакиаш дар хонаи эшон ду навъ китобҳо будаанд, ки падару бародараш истифода мекардаанд.

“Хонаҳои мо токча дошт, ки дар онҳо ду навъ китобҳо буданд. Яке китобҳои суннатӣ, ки падари раҳматиам мехонданд ва дигар китобҳои чопашон замонавӣ, ки бародари муаллимам меовард ”, - мегӯяд ӯ.

Ӯ ҳанӯз дар замони мактабхониаш аз хонавода бо хати форсӣ ошноӣ доштааст ва то замони омадан ба донишгоҳ дар навишти хати арабиасос маҳорат доштааст.

 

Оини китобхониву китобдорӣ

Мисбоҳиддини Нарзиқул мегӯяд, дар замони донишҷӯӣ ва зинаҳои баъдӣ алоқаву дилбастагиаш ба китоб бештар шуд. Давраи донишҷӯӣ ба бахше аз маблағи стипендияи ҳармоҳаи худ китоб мехарид ва мекӯшид ҳамаи китобҳоро, махсусан дар риштаи тахассуси худ дошта бошад. Оҳиста-оҳиста теъдоди китобҳояш афзуданд.

“Аввал тасаввури ман ин буд, ки ҳар чӣ китоб ҳаст, бояд дар хона нигоҳ дошта шавад, аммо вақте бо оини китобхонию китобдории гузаштагону таърихи фарҳангамон огоҳ шудам ва таҷрибаи бештар андӯхтам, ба чунин хулоса омадам, ки дар китобхонаи оилавӣ бояд китобҳое нигоҳ дошта шаванд, ки муроҷиат ба онҳо бештар аст. Аз ҷумла китобҳои марҷаъ, сарчашмаҳо ва китобҳои тахассусӣ” - тавзеҳ медиҳад адабиётшинос.

Ҳамин тавр ӯ китобҳоеро, ки хондаасту дигар нигоҳ доштани он дар китобхонаи худаш зарурат надошт ё китобҳоеро, ки ду нусха буданд, ба китобхонаҳои кишвар туҳфа кардааст.

“Як қисми китобҳоро ба китобхонаи деҳаамон супоридам. Баъди чанд муддат ба Китобхонаи миллӣ як теъдод китоб тақдим кардам. Баъдан ба китобхонаи Роғун, ки чунин дархост шуда буд”, - мегӯяд адабиётшинос.

Ҳамчунин, замоне ки дар Бухоро давраи омӯзишӣ мегузаштааст, дар факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Бухоро шӯъбаи тоҷикӣ боз кардаанд ва як миқдор китобҳои тахассусиашро ба он тақдим кардааст.

 


Беш аз 5 ҳазор китобу рӯзномаю маҷалла

“Китобҳое, ки мебинед, чанд навъанд: китобҳои бадеӣ, илмӣ-тахассусӣ дар соҳаи адабиёт ва забон, сарчашмаю девонҳо, куллиёт, китобҳои марҷаъ мисли энсиклопедияву доиратулмаорифҳо”, - мегӯяд мусоҳиби мо.

Ба нақли ӯ, ҳеҷ вақт китобҳояшро нашуморидааст, ҳатто замоне ки ба китобхонаҳо тақдим мекард. Аммо дар озмуне, ки иштирок кард, зарурат пеш омад, ки шуморад.

“Дар маҷмуъ беш аз 5 ҳазор китобу рӯзномаву маҷаллаҳо инҷо маҳфузанд. Инчунин, фиттаҳо ҳастанд, ки маҷмуи осори гуногуни классикӣ, намунаи осори насрию назмии муосир, инчунин садоҳои гуногун ва тарзи қироати шеърҳо ва амсоли инҳоро фаро мегиранд”, - ба китобҳо ишора мекунад ӯ.

Ӯ мегӯяд, аз китобхонааш аслан худ ва фарзандонаш, ки кӯшидааст ҳама дар риштаи илм бошанд, истифода мебаранд. Ҳоло се фарзандаш донишҷӯ буда, дуи дигар муҳассилини мактаби миёнаанд ва яке ғолиби озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” низ будааст.

Инчунин аз китобхонаи ӯ ҳамсояҳо, шогирдони худу хонумаш, ки низ муаллима аст ва рафиқону дугонаҳои фарзандонаш истифода мекардаанд.

Ӯ мегӯяд, ин китобҳоро махсус бо мақсади таъсиси китобхона гирд наовардааст. Танҳо алоқаву таваҷҷуҳаш ба китоб аст.

Имрӯз низ ҳар замоне фурсат даст дод ва ё китобе ба худу фарзандонаш лозим шавад, инчунин аз намоишҳои китоб харидорӣ мекардааст. Ҳатто ҳар вақте ба хориҷа меравад, як баста китоб меовардааст ва дӯстону ҳамкорону шогирдонаш низ китоб тақдим мекардаанд.

 


“Миллати тоҷик ҳеҷ гоҳ аз китоб канда намешавад”

Ин адабиётшиноси тоҷик нигарониҳои аҳли ҷомеа аз дурӣ аз китобро эътироф карда, гуфт, шояд дар марҳалаҳои гуногуни таърихӣ вобаста ба вазъ таваҷҷуҳ ба китоб як дараҷа заиф мешавад, аммо ин марҳила гузаранда аст ва “пайвастагии суннатие, ки мардуми тоҷик бо китоб доранд, ҳеҷ гоҳ билкул канда намешавад”.

Ба таъкиди ӯ, бақои исм ба воситаи китоб ҳам барои муаллиф, ки менависаду китобаш мемонад, ҳам барои касоне, ки барои нашру паҳни он мусоидат мекунанд, ҳанӯз боқист.

“Ман хонаи ягон тоҷикеро тасаввур намекунам, ки ақаллан чанд китоб надошта бошад”, - бо боварӣ изҳори андеша мекунад ӯ.

Мисбоҳиддини Нарзиқул дар масъалаи тарғиби китобхонӣ нақши хонаводаро дар мадди аввал медонад.

“На танҳо як муаллиму зиёӣ, балки тамоми қишри ҷомеа барои тарғиби китобхонӣ масъуланд. Аммо беҳтарин роҳи тарғиб ба воситаи хонаводаҳо аст. Яъне агар хонаводаҳо ба китобхонӣ таваҷҷуҳ кунанд, фарзанди онҳо ҳатман ба китоб шавқ пайдо мекунад”, - таъкид намуд ӯ.

Мавсуф пешниҳод мекунад, ки хонаводаҳо ҳар рӯз барои мутолиаи китоб вақти муайян муқаррар кунанд. Чун бо китоб алоқа пайдо карданд, ногузир ин анъана идома меёбад ва фарзандон низ майл мекунанд.

 


Сифату теъдоди китобҳо ва бедор кардани завқи кӯдакон ба китобхонӣ

Мисбоҳиддини Нарзиқул сифати китобҳои нашриёти имрӯзаи кишварро хуб арзёбӣ кунад ҳам, аз теъдоди ками нашри китобҳо нигаронӣ дорад.

“Аз ҷумла китобҳои соҳавӣ ва илмӣ бо теъдоди хеле кам, масалан 200-500 нусха чоп мешаванд, ки нигаронкунанда аст. Сабаб шояд маҳдудияти мухотабони ин гуна китобҳо бошад, аммо вақте пиромуни китоби бадеӣ ҳарф мезанем, масъала ранги дигар мегирад ва ман ҳам намефаҳмам, ки чаро теъдоди нашри он кам аст”, - гила мекунад ӯ.

Ҳамчунин, дастрасии маҳдуд ба китоб дар минтақаҳои дурдаст яке аз мушкилоте гуфта шуд, ки ҳанӯз боқист. Аммо ба таъкиди ӯ, ин мушкил марҳила ба марҳила ҳалли худро меёбад ва вазъ беҳтар мегардад.

Ин адабиётшиноси тоҷик дар робита ба мушкили норасоии адабиёт бо забони тоҷикӣ барои кӯдакон гуфт, метавон гиреҳи ин мушкилро бо муроҷиат ба адабиёти классику муосир ба таври дигар боз кард.

“Агар хоҳем, ки завқи кӯдаконро бо сухани нобу андешаи баланд тарбия кунем, ба осори назму насри классику муосир муроҷиат кунем. Бояд осори бузургон бо забони содатар, бидуни тағйир дар услубу баёни мантиқӣ ба кӯдакон пешниҳод шавад”, - пешниҳод мекунад ӯ.

Ӯ мегӯяд, шарт нест, ки хонандаи хурдсолро маҷбур кунем, масалан “Одина” ё “Субҳи ҷавонии мо”-ро пурра хонад. Ба ӯ тарзе пешниҳод бояд кард, то худаш ба мутолиаи идома ё шакли пурраи асар шавқ пайдо кунад”.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.