Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо нашри як фармон санаи бекор кардани равуои бе визаро барои шаҳрвандони 27 кишвар, ки қарор буд, 1 апрели соли 2017 ба иҷро дарояд, то 1 январи соли 2021 ба таъхир гузоштааст.

Бино ба иттилои сомонаи Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ, ибтидои моҳи декабри соли гузашта Мирзиеёв қароре қабул кард, ки тибқи он сайёҳони 27 кишвари дунё метавонистанд, бе виза то 30 рӯз дар Ӯзбекистон бимонанд. Мирзиёев ба вазоратҳо ва идораҳои дахлдор супориш дода буд, то барои амалӣ кардани қарори мазкур омодагӣ бинанд.

Гуфта мешавад, қарори ба таъхир гузоштани равуои бе виза бо ҳадафи "рушди устувори фаъолияти сайёҳӣ ва таъсиси пойгоҳи зарурии моддиву техникӣ, таъмини амнияти сайёҳон ва сиҳатии шаҳрвандони хориҷӣ", инчунин "рушди баробари ҳамкориҳои иқтисодӣ бо кишварҳои хориҷӣ" унвон шудааст.

Зимнан зикр мегардад, ки дар матни қарори президенти Ӯзбекистон омадааст, ки тасмими ба таъхир гузоштани равуои бидуни визаро мақомоти дахлдор гирифтаанд.