Таи чанд соле дар як қатор деҳоти минтақаҳои кӯҳии водии Зарафшону Раштон, Ҳисору Мӯъминобод, Ванҷу Дарвоз, Шуғнони Тоҷикистон ва ҳатто Қандаҳору Файзободи Афғонистон аз рӯи муносибатҳои кориам бо мардуми таҳҷоӣ вохӯриҳои касбӣ доштам. Аз сӯҳбат бо онҳо борҳо шунидам, ки насабномаи худро ба Даҳбеди Самарқанд пайваст месозанд. Аммо дар нисбати кай ва бо кадом сабабҳо аҷдодонашон ба ин минтақаҳо кӯч бастанд, ҷавоби асосноки таърихие нагирифтам.

Бисёрашон аз нақли бобоёнашон ёдрас мешаванд, ки қабилаи саркаш будаанд ва амирон аз ин хислаташон онҳоро ба ин минтақаҳои дурдаст бадарға намуданд, гурӯҳи дигаре зулму ситам ва куштори лашкари муғулро пеш меоваранд ва сабаби кӯчашонро ба ин пайваст месохтанд.

 

Таърихчаи Даҳбед

Шаҳраки Даҳбед дар пойгаҳи шаҳри Самарқанд ва дар масофаи наздик бо ин шаҳри бостонӣ ҷойгир аст. Дар мавридҳои дигар Даҳбеди Самарқандро бо номи Махдуми Аъзамӣ ва ё Хоҷагони Махдуми Аъзамӣ ном мебаранд. Ин шахсият дар таърих бо номи Сайид Аҳмад Ҷалолиддин Хоҷаи Косонӣ машҳур мебошад ва аз шайхони бузурги ҷараёни “нақшбандия”дар таърих ҳастанд ва дар дар ҳайёти сиёсӣ ва маънавии замонашон таъсир ва нуфузи зиёде доштаанд. Ӯ дар соли 1461 мелодӣ дар шаҳри Косони вилояти Фарғона, дар хонаводаи Хоҷагони қадима ва ашрофи тоҷик ба дунё омадааст. Аз рӯи гувоҳиҳои таърихӣ Хоҷа Ҷалолиддин ва фарзандонаш дар водии Фарғона муридони зиёде доштаанд ва ҳамаи онҳо дар ҷарайёни “нақшбандия” пайравии Ҳоҷаро доштаанд.

 

Мизроб Амирбеков

“Нақшбандия” чист ва чӣ маъние нисбати Хоҷа Ҷалолиддин дорад?

Ин вожа сифр тоҷикист ва бо номи яке аз саромадони ин тоифа бо номи шайх Баҳоуддини Нақшбанд иртибот дорад ва аҷдодони ин шахсият касби нақшбандии матоъ ва оҳангариро дар худ доштаанд. Дар тасаввуф ин вожаро бо ранги дигар “бастани номи Худо дар дил” низ маънидод менамоянд. Ин мисраи шеър решапайвандони Даҳбеди Самарқандро водор месозад, ки аз тариқаи “нақшбандия” берун набошанд, зеро ин ҷумлаҳо баёнгари ростию росткорӣ дар ҳаёту кори инсон мебошанд.

Эй бародар, дар тариқи нақшбанд,

Зикри хақро дар дили худ нақш банд.

Нақшбандия таълимотест, ки иҷроиши талаботи косибонро инъикос менамояд, дар он замон ҳар як табақаи аҳолии шаҳрнишин “авлиё”-и худро доштанд, ки дар воқеъ намоянда аз насабномаи маънавӣ ва дарахти насабҳои нақшбандӣ буд. Барои мисол, пайғомбари Довуди оҳангар-касби оҳангарӣ, Амир Кулол-касби кулолгарӣ, Ориф Деггаронӣ- аз деҳаи Деггарон бо касби дегсозӣ ва дегхонасозӣ машҳури замон буданд. Онҳо мардумро бо касби доштаашон баҳри зиндагии сазовор ва ободкорӣ раҳнамоӣ мекарданд. Хоҷа Ҷалолиддини Даҳбедӣ авлиёи нақшбандони Самарқанд ҳисоб меёбад ва маҳсулоти мисгарӣ, заргарӣ ва гулдӯзии онҳо дар замони худ машҳури дунё гашта буданд.

Таълимоти “нақшбандӣ” ба меҳнати ҳалол ва зиндагии бошараф даъват менамуд.

 

Хоҷа Ҷалолиддин чӣ хел соҳиби Даҳбед шуд?

Дар аввалҳои қарни шонздаҳуми мелодӣ қалъаи Косон аз ҷониби ӯзбекҳои замон муҳосира гаштанд ва Мавлоно Сайид Аҳмад Ҷалолиддини Хоҷаи Косонӣ бо аҳли байт, муридон ва пайравонашон ба Самарқанд кӯчиданд ва ҳокими Самарқанд барои онҳо мавзеъи зебоеро тӯҳфа намуд. Тибқи ривоятҳои мардумӣ, Хоҷа Ҷалолиддин дар ин замин 10 ниҳоли бедро шинониданд ва бо сабзишашон ин мавзеъ бо номи Даҳбед шинохта ва машҳур гашт.  

Баъди чанде бо меҳнату заҳмати Хоҷа Ҷалолиддин ва пайравонаш Даҳбед ба яке аз шаҳрҳои ободу маъмур ва пурфайзи Самарқанд табдил ёфт ва шӯҳрату эътибори Хоҷа Ҷалолиддин миёни мардум ва назди дарбори Шайбониён боло рафт ва дар ин асос эшонро чун Махдуми Аъзами Даҳбедӣ шинохтанд. Ӯ дар соли 1542 милодӣ аз ҷаҳон даргузашт.

 

Се мавҷи муҳоҷират

Мардуми Даҳбеди Самарқанд озодидӯст ва адолатпарвар буданд ва дар тӯли таърих борҳо ба муқобили шоҳони ситамгари замонашон шӯриш бардошта, мубориза бурдаанд ва яке аз мисоли чунин шӯришҳо дар замони Аштархониён сар задааст. Шайбониён Самарқанд ва Даҳбедро ишғол ва ғорат намуда, мардуми зиёде ва хусусан, хоҷаҳоро куштанд.

“Зулму ситами тоқатшикан ва бераҳмонаи феодалӣ, ҷангҳои дохилӣ ва фақру гуруснагӣ норозигии оммаи халқро ниҳоятдараҷа зиёд кард. Ин буд, ки дар маҳаллаҳои гуногун дам ба дам шӯру ошӯбҳои халқӣ сар мезаданд. Дар замони Абдулфайзхон, ки ба қавли шоири ҳамзамони ӯ Сайидои Насафӣ, шӯриши калоне дар деҳаи Даҳбеди Самарқанд рӯй дод. Шиддат ва вусъати ин ҷунбиши халқӣ ба дараҷае буд, ки худи Абдулфайзхон бо лашкари зиёд омада, шӯришро фурӯ нишонд ва Даҳбедро оташ дода, ба хок яксон намуд”, - менависад академик Бобоҷон Ғафуров.

Баъди қатли оми сокинони Даҳбед ҷон ба саломат бурдагон ба Хуҷанду Истаравшан, Ҳисор, Рашту Вахё, Дарвозу Муъминобод, Балҷувон, Шуғнону дараи Панҷшери Афғонистон фирор намуданд ва имрӯз онҳо авлоди Хоҷагони Даҳбедии Самарқанд ба шумор мераванд.

Мавҷи дуввуми муҳоҷирати мардуми ин минтақа ба давраи ҳукмронии Абдулазизхони Аштархонӣ (1647–1681) ва Субҳонқулихон (1681–1702) рост меояд ва онҳо аз зулми турктаборон ба сӯи Бадахшону Ҳиндустон рафтанд. Ба мавҷи дуввуми муҳоҷират хоҷаҳои самарқандӣ ҳам равонаи Ҳиндустон буданд, вале бинобар хоҳиши мир Ёрибекхони Даҳбедӣ онҳо дар Ҷузгуни Бадахшон монданд ва ин шаҳр баъдтар номи мубораки Файзободро (дар Афғонистон) гирифт. Баъди чанде аз тарафи амири Афғонистон ба хоҷагони Даҳбеди Самарқанд дараи хушманзари Панҷшер ҳадя гардид ва қисми зиёди авлоди Махдуми Аъзам сокини ин минтақа гардиданд

Мавҷи сеюми муҳоҷирати даҳбедиён ба солҳои 1743–1745 рост меояд. Ин давра замоне буд, ки Абдулфайзхон ҳеҷ қудрате надошт, бӯҳрони сисёсӣ, ҷангҳои байни худӣ ва исёнҳои феодалӣ ба қуллаи баландтарини худ расид ва Мовароуннаҳр бесоҳиб монда буд. Қабилаи қипчоқҳо аз тарафи Миёнқол ба тарафи Самарқанд муҳоҷират ва зироату боғоти ин вилоятҳоро нобуд карданд ва нисбат ба мардум ҳар чӣ мехостанд бадкирдорӣ намуданд.

 

Даҳбедиёни замони мо

Таъкид кардан ба маврид аст, ки мардуми Даҳбеди Самарқанд бо шуҷоату далерӣ, илму фарҳангдӯстӣ, росткорию адолатпарварӣ дар ҳаёти сиёсию фарҳангии аморатҳои Бухорову Фарғона, Кошғару Афғонистон, Ҳинду Эрон нақши боризе аз худ гузоштаанд. Аз ин ҷост, ки сулолаи Хоҷагони Даҳбедии Самарқанд маорифпарвар, пешвоёни замони дини ислом, тариқати нақшбандияи хоса дар саросари диёри Мовароунаҳру Хуросон маъруфият ва шӯҳрат пайдо кардаанд.

Имрӯз бояд дониста бошем, ки аз байни Даҳбедиён ходимони барҷастаи илмӣ, сиёсию давлатӣ, адибони шӯҳратёри сатҳи ҷаҳонӣ баромаданд ва Нусратулло Махсум, Акбар Махсумов, Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ, Мирзо Турсунзода, Лоиқ Шералӣ, Муъмин Қаноат, Бозор Собир, Гулрухсор, Меҳмон Бахтӣ, Абдулҳамид Самад, Ҷонибек Акобиров, Юсуф Акобиров, Фарзона, Ато Мирхоҷа, Баширхон Исҳоқӣ ва даҳҳо нафар шахсиятҳои маъруфи миллатамон аз намунаи табори тоҷикони Даҳбеданд.

Дар Афғонистон бошад Аҳмадшоҳ Масъуд, қаҳрамони миллии Афғонистон номи ин халқро машҳур кардааст.

Муалиф ҳангоми таҳияи матлаб аз сарчашмаҳои илмӣ-тадқиқотии олимон Комилҷон Неъматов, Комилҷон Раҳимов, Киёмиддин Сатторӣ ва Малик Неъмат истифода бурдааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.