Ширкати «Помир энержи» дар ноҳияи Шуғнон хати  интиқоли барқи нав сохт, ки масофааш наздики 14 километрро ташкил медиҳад. Хати интиқоли барқи пешина дар ин ҷо бар асари селфароӣ дар деҳаи Барсем тбистони соли 2015 вайрон шуда буд.

Хати нави интиқоли барқи 110 кВ бо дастгирии Фонди PATRIP (ҳукумати Олмон) ва ҳукумати Тоҷикистон бунёд шуд.

Хати интиқоли барқи масофааш 13,8 километр бо поячӯбҳои металлӣ шаҳраки Раҳмонободро бо мавзеи Ханев - қитъаи байни НБО «Помир-1» ва НБО «Хоруғ» пайваст мекунад.

«Бо ин хат ба ҳудуди 30 ҳазор хонавода (тақрибан 174 ҳазор нафар) дар Тоҷикистони Шарқӣ ва беш аз 3,3 ҳазор хонавода (32 ҳазор нафар) дар шимоли Афғонистон, ҳамчунин ба бисёр корхонаву мактабҳо ва марказҳои тиббӣ нерӯи барқ интиқол дода мешавад», - хабар доданд ба «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти «Помир Энержи».

Маросими ба истифода додани хати нави интиқоли барқ ҳафтаи гузашта бо иштироки раҳбарияти ВМКБ, намояндагони ҳукумати Олмон ва Бунёди Оғохон доир гардид.

Ёдрас мекунем, ки рӯзҳои 15-16 июни соли 2015 дар ҷамоати деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнон сел омада, бар асари он 82 оилаи деҳаи Барсем бесарпаноҳ монданд. Барои ин оилаҳо шаҳракаи Раҳмонобод сохта шуд, ки ба ифтихори Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон чунин номгузорӣ шудааст.