Корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин - «Чжунгсай Моҳир Семент» ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсияи палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ ҳисобот дод.

Корхонаи мазкурро парлумон қаблан  барои воридоти маҳсулоту бори мавриди истифода дар сохтмону бо таҷҳизот таъмин кардани он аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда (ААИ) ва боҷи гумрукӣ озод карда буд.

Зимни суханронӣ дар муҳокимаи ошкорои парлумонӣ муовини аввали директори генералии ширкати «Чжунгсай Моҳир Семент» Барфихон Холов изҳор намуд, ки тӯли 9 моҳи соли равон дар корхона ҳудуди 635 ҳазор тонна семент истеҳсол шуда, ба буҷети кишвар беш аз 28 млн. сомонӣ маблағи андоз пардохта шуд.

Ӯ зикр кард, ки дар корхона озмоишгоҳи таъмин бо таҷҳизоти муосир фаъолият дорад, ки дақиқан барои муайян кардани сифати семент истифода мешавад. «То имрӯз беш аз 500 нафар (416 нафарашон шаҳрвандони Тоҷикистон) бо ҷойҳои корӣ таъмин гардида, музди меҳнаташон 1800-2600 сомониро ташкил медиҳад», - гуфт ӯ.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ, дар заминаи ҳамин корхона коргоҳи истехсоли халта ба маблағи 7 млн. доллари амрикои бо 112 ҷойи кори  доимӣ ба истифода дода шудааст, ки иқтидори солонаи коргоҳ 40 млн. дона халта дар як сол мебошад.

Ба қавли Холов, аз ҳисоби воситаҳои умумӣ сохтмон ва ба истифода додани коргоҳҳои истеҳсоли варақаҳои гипоскартонӣ бо иқтидори солонаи 1 млн. метри мураббаъ ба маблағи 120 млн. сомонӣ ва халтаҳои коғазӣ бо иқтидори солонаи 80 млн. дона ба маблағи қариб 80 млн. сомонӣ дар назар аст.

Номбурда ҳамчунин изҳор намуд, ки то охири соли 2018 сохтмон ва ба истифода додани корхонаи истеҳсоли сохторҳои алюминий низ пешбинӣ шудааст.

Моҳи августи соли 2016 дар  ноҳияи Ёвон бо иштироки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон расми мавриди баҳрабардорӣ қарор додани Корхонаи истеҳсоли сементи ҶДММ “Чжунгтсай Моҳир Семент” доир гардид.

Корхона бо иқдоми соҳибкори ватанӣ  Баҳриддин Ҷӯраханов дар майдони 22 гектар бунёд гардида, барои сохтмони он сармояи  умумӣ дар ҳаҷми  958 млн. сомонӣ ҷалб шудааст, ки  35 фоизи ин маблағ  саҳми соҳибкори ватанӣ ва боқимонда 65 фоиз сармояи хориҷӣ мебошад. Иқтидори истеҳсолии корхона  ба 1 миллиону 200 ҳазор тонна семент дар  як сол баробар  аст.