Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бо истинод ба Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки рӯзҳои 10-12-уми май дар як қатор шаҳру навоҳии кишвар бориши боронҳои шадид, раъду барқ ва жола дар назар дошта шуда, омадани сел низ пешбинӣ мешавад.

Ба иттилои ин ниҳод, боридани боронҳои шадид ва жолаву раъду барқ дар шаҳру навоҳии Душанбе, Ваҳдат, Норак, Рӯдакӣ, Варзоб, Ҳисор, Файзобод, Рашт, Сангвор, Тоҷикобод, Лахш, Кӯлоб, Ёвон, Хуросон, Данғара, Ховалинг, Муъминобод, Шамсиддини Шоҳин, Балҷувон, Восеъ, Панҷакент, Исфара, Истаравшан, Айнӣ, Мастчоҳи Кӯҳӣ, Шаҳристон, Деваштич, Ашт ва Хоруғу Рӯшон ва Дарвозу Ванҷ дар назар дошта шудааст.

“Ин боронҳо дар аксар манотиқи ёдшуда метавонанд боиси омадани селҳо шаванд”, - менависад манбаъ.

Гуфта мешавад, дар натиҷаи боридани борони шадид ҳамчунин болоравии сатҳи об дар рӯдхонаҳои Ёхсу, Қизилсу (ҷанубӣ) ва дарёҳое, ки аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор – Варзоб, Лучоб ҷорианд, дар назар аст, ки ба омадани сел сабаб мешавад.

Дар ин рӯзҳо дамои ҳаво низ то андозаи паст мешавад.

Рӯзҳои 9-11 май дар ноҳияҳои ҷанубии вилояти Хатлон (Бохтар, Шаҳритус, Қубодиён, Дӯстӣ) ва шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд (шаҳрҳои Гулистону Бӯстон ва Ашт), инчунин дар ҳудуди ноҳияи Файзобод шамол аз самти ҷанубу ғарб бо суръати аз 18-23 то 20-25 метр/с хоҳад вазид.

Рӯзи 9-уми май бар асари вазиши бодҳои шадид дар як қатор ноҳияҳои вилояти Хатлон чангу ғубор пешгӯӣ мешавад.

Дар ин робита, КҲФ бо мақсади пешгирии офатҳои табии аз идораҳои мутасаддӣ ва аҳолӣ хоҳиш кардааст, ки каналҳо, селроҳаҳо, ҷӯйборҳоро тоза кунанд.

“Аз волидон хоҳиш карда мешавад, ки фарзандони нобилиғашонро беназорат нагузоранд, онҳоро ба моҳидориву чорвочаронӣ ва ғунучини гиёҳҳои шифобахш нафиристанд”, гуфта мешавад дар огоҳиномаи КҲФ.

Ин ниҳод ба сайёҳон тавсия додааст, ки дар чунин рӯзҳо аз сайёр саёҳатҳо ба мавзеъҳои кӯҳӣ худдорӣ кунанд.

Зимнан, ба шахсони гирифтори бемориҳои дилу раг, диабети қанд ва бемориҳои роҳи нафас тавсия дода шудааст, ки дар ин рӯзҳо бояд тамоми чораҳои эҳтиётии тиббиро бинанд ва захираи доруҳои лозимро бояд ҳамеша дар худ дошта бошанд.

Дар ҳолатҳои фавқулодда шаҳрвандон метавонанд ба КҲФ бо рақамҳои 112 ё 93 880 28 19, 88 400 01 01 занг зананд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.