Зимни мулоқоти раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо ҳайати намояндагии Бонки рушди АврОсиё (БРАО) таҳти роҳбарии Раиси Раёсати бонки мазкур Андрей Белянинов имконоти густариши ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ шуданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти БМТ, дар рафти мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҷоннок намудани ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд дар самти рушди иқтисод ва низоми бонкиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Гуфта мешавад, дар ҷараёни вохӯрӣ Ҷамшед Нурмаҳмадзода ҳайати Бонки рушди АврОсиёро бо вазъи феълии низоми бонкии кишвар шинос намуда, изҳор дошт, ки марҳилаи солимгардонии низоми бонкӣ барои Тоҷикистон оғоз ёфт. Дар навбати худ, «Андрей Белянинов таваҷҷуҳи асосиро барои мусоидат намудан дар самти қарздиҳӣ ба бахши хусусӣ, имкониятҳои кушодани суратҳисобҳои Бонки рушди АврОсиё дар БМТ, гузаронидани амалиётҳои СВОП ва дигар масъалаҳои низоми бонкӣ ҷалб намуд», - омадааст дар маълумот.

Зимнан зикр мегардад, ки дар идома раиси БМТ қайд кард, ки таклифу пешниҳодҳо оид ба масъалаҳои зикршуда пурра омӯхта шуда, вобаста ба имкониятҳои мавҷуда дар самти ба сатҳи нав гузаронидани ҳамкориҳо ва дастгирии низоми бонкии кишвар мавриди пешниҳод қарор дода мешаванд.

Ёдрас мекунем, ки Тоҷикистон дар қатори Русия, Қазоқистон, Беларус, Арманистон ва Қирғизиситон кишвари узви БРАО мебошад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.