Дар пайи манъи вуруд ва ихроҷи садҳо муҳоҷири кории тоҷик аз Русия, мақомоти Тоҷикистон гурӯҳи корӣ таъсис дода, дар фурудгоҳҳои кишвар байни муҳоҷирони меҳнатӣ, ки ба ватан бармегарданд ё мақсади сафар доранд, корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд.

Дар ин бора сомонаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар хабар медиҳад.

Ин ниҳод гуфтаст, гурӯҳи корӣ “дар робита ба ҳолатҳои рухдода нисбати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нуқтаҳои вуруд ба Федератсияи Россия” таъсис дода шудааст.

Тайи ду ҳафтаи охир, маъмурони Русия садҳо шаҳрванди Тоҷикистонро дар фурудгоҳ ва сарҳадҳои заминии ин кишвар мӯшикофона санҷида, аксариятро ба хоки Русия роҳ надода, ихроҷ карданд.

Ин амалҳо нигарнонии ҷониби Тоҷикистонро ба бор овард ва сафири Русия ба ВКХ Тоҷикистон даъват ва ба ӯ нотаи эътирозӣ супорида шуд. Дар пайи он Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия бо Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон суҳбат кард ва гуфт, ҳадафи санҷишҳо “чораи пешгирӣ аз терроризм аст” ва он ба ҳама миллатҳо дахл дорад. Вале Сироҷиддин Муҳриддин гуфт, ин изҳорот аз воқеият тафовут дорад.


Вазорати меҳнату муҳоҷират гуфтаст, гурӯҳи корӣ аз 1-уми майи соли 2024 дар фурудгоҳҳои шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар ва Кӯлоб ба таври шабонарӯзӣ навбатдорӣ мекунанд ва дар байни  муҳоҷирони кории тоҷик корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузароннад ва “ба онҳо варақаҳои иттилоотӣ ва дигар маводи заруриро дастрас менамоянд”.

“Тавассути баргузор намудани чунин чорабиниҳо ба шаҳрвандон доир ба тағйиру иловаҳо дар қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират, пешниҳоди маълумоти дақиқ ба саволҳои сарҳадчиён, ба роҳ мондани фаъолияти корӣ дар асоси патент, гузаштан аз қайди муваққатӣ, бастани шартномаи меҳнатӣ маълумот дода шуда, масъалаи омодагии ҳамаҷониба пеш аз сафар барои рафтан ба хориҷи кишвар таъкид карда шуд”, - гуфта мешавад дар иттилоияи вазорат.

Ба гуфтаи ин ниҳод, “донистани забони давлати қабулкунанда, эҳтироми арзишҳои фарҳангии он, даст назадан ба амалҳои номатлуб, донистани гурӯҳҳои ифротгаро, экстремистӣ ва террористӣ ва пешгирии шомилшавӣ ба онҳо, худдорӣ аз муошират бо шахсони тасодуфӣ, ки бо ваъдаи кори сердаромад таваҷҷуҳро ҷалб менамоянд ва ғайра” аз ҷумлаи мавзуъҳои муҳими корҳои фаҳмондадиҳӣ будааст.

Гурӯҳҳои корӣ ба шаҳрандон нишонӣ ва рақамҳои телефонҳои тамос пешниҳод мекунанд, ки муҳоҷирон зимни дучор шудан ба мушкилӣ мавонанд, тариқи он муроҷиат кунанд.


Ҳамчунин, ба муҳоҷирон тавсияи ВКХ Тоҷикистон дар бораи худдории муваққатии сафар ба Русия аз сӯи шаҳрвадони Тоҷикистон таъкид мешавад.

Ёдовар мешавем, ки давоми як ҳафтаи охир фишор болои муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия зиёд шуд. Барои вуруди тоҷикон ба ҳудуди Русия монеаҳои зиёд эҷод гардид. Ба садҳо шаҳрванди Тоҷикистон дар фурудгоҳҳои Русия иҷозаи вуруд надоданд ва онҳоро бозпас ба ватан фиристоданд. Аз ҷумла тибқи иттилои ВКХ Тоҷикистон  дар 4 рӯз танҳо дар фурудгоҳи "Внуково" беш аз 650 муҳоҷири тоҷикро хориҷ карданд.

Баъди нигаронии Тоҷикистон ва супоридани нотаи эътирозӣ за сӯи Тоҷикистон ба сафири Русия дар пайи ҳаводиси охир, дирӯз, 3-юми май Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин расиҷумҳурони ду кишвар дар як тамоси телефонӣ вазъи муҳоҷиронро баррасӣ карда, “ба идораҳои соҳавии ҷонибҳо оид ба бештар фаъол гардонидани кор дар ин самт дастурҳои дахлдор” додаанд.

Зимнан, раисҷумҳури Русия Эмомалӣ Раҳмонро барои ширкат дар вохӯрии ғайрирасмии сарони кишварҳои ИДМ ва чорабиниҳо ба муносибати Рӯзи Ғалаба, ки дар шаҳри Москва баргузор хоҳад шуд, даъват кардааст.

Маълум нест, ки Эмомалӣ Раҳмон ширкат мекунад ё не.

Коршиносон сабаби  бархурди тунди Русияро нисбат ба шаҳврандони Тоҷикистон ба ҳамалаи террористӣ ба "Крокус" рабт медиҳанд, ки садҳо куштаву захмӣ ба ҷой гузошт ва 4 шаҳрванди Тоҷикистон ҳамчун гумонбари бевоситаи ин ҳодиса дастгир шудаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.