Ҳаҷми умумии қарзҳои мушкилдор дар бахши бонкии Тоҷикистон ба аввали моҳи апрели соли равон наздики 1,9 млрд. сомонӣ (215 млн. доллар)-ро ташкил доданд.

«Қарзи батаъхирафтодаи низоми бонкӣ ва ташкилотҳои қарзии хурд ба санаи 1 апрели соли равон ба 18787,5 млн. сомонӣ баробар аст», - хабар медиҳад Агентии омори назди президенти Тоҷикистон.

Қобили зикр аст, ки ҳудуди 30%-и қарзҳои батаъхирафтода бо арзи миллӣ - сомонӣ ва беш аз 70%-аш - бо асъори хориҷӣ дода шудааст.

Аз оғози сол ҳаҷми чунин қарзҳо қариб ба миқдори 100 млн. сомонӣ кам шудааст.

Тибқи маълумоти пешакии Бонки миллии Тоҷикистон, маблағи умумии бақияи қарзҳои низоми бонкӣ ба санаи 1 апрели соли ҷорӣ 8 млрд. 205 млн. сомониро ташкил медиҳад.

Ҳамин тариқ, ҳиссаи қарзҳои батаъхирафтода дар сандуқи қарзҳо наздики 23%-ро ташкил медиҳад.

Қобили зикр аст, ки чанде аз бонкҳои Тоҷикистон муддати се сол аст, ки амонатҳои мизоҷони худро дар навбати аввал бо сабаби саривақт ва пурра пардохт нашудани қарзҳои пештар додаашон баргардонида наметавонанд.

Аз ҷумла, «Агроинвестбонк ва «Тоҷиксодиротбонк», ҳамчунин бонкҳои мавриди барҳамдиҳӣ қарордоштани «Тоҷпромбонк» ва «Фононбонк» ба чунин мушкилот дучоранд.

Амонатҳои худро аз ин бонкҳо мизоҷон бо қисмҳои хурд мувофиқи ҷадвал мегиранд.

Ба аввали соли равон бақияи умумии амонатҳо дар низоми бонки ҷумҳурӣ беш аз 9 млрд. сомониро ташкил медод.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.