Суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт имрӯз як зани сокини ноҳияи Фирдавсӣ - Нисо Мирзоеваи 28-соларо барои даст доштан дар интиқоли занон ба Аморати муттаҳидаи Араб (АМА) бо роҳи фиреб ва бо мақсади истисмори шаҳвонӣ ба 8 соли зиндон маҳкум кард.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз суди мазкур хабар доданд, маҳкумшуда моҳи июни соли 2016 бо зане бо номи Нодира маслиҳат карда, ӯ дар Дубай занони аз Тоҷикистон фиристодаро пешвоз мегирифтааст.

Тобистони соли гузашта Мирзоева дар пойтахт бо Робиямоҳ Забирова вомехӯрад. Робиямоҳ дар ҳолати вазнини зиндагӣ қарор дошт. Ӯ ба зан кор дар кошонаи ҳусн дар АМА-ро ваъда карда, ба санаи 29 август барои ӯ ба Дубай билет мехарад.

Дар Дубай занро Нодира пешвоз гирифта, изҳор мекунад, ки дар кошонаи ҳусн ҳеҷ коре нест ва ӯ бояд 8 ҳазор доллар маблағи барои ҳуҷҷатҳо ва билети ҳавопаймо харҷшударо кор карда баргардонад. Онҳо занро ба клуби шабона барои пулкоркугнӣ фиристода, 900 доллар маблағ мегиранд.

Бино ба маълумоти тафтишот, Робиямоҳ аз Дубай истирдод шуда, дар Тоҷикистон аз болои Нисо Мирзоева ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шикоят бурдааст. Ҳамчунин дар ҷараёни тафтишот муайян карда шудааст, ки Мирзоева бо ҳамин роҳ боз чандин занонро ба Дубай фиристодааст.