Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҷузъиёти ҳодиса кордкашии ҷавононро назди мағозаи «Baby Shop» шарҳ дод. Тибқи маълумоти ВКД, онҳо бо корду таппончаи пневматикӣ мусаллаҳ будаанд.

Ба гумони даст доштан дар авбошӣ бо истифода аз силоҳ се нафар ҷавонон - Афғон Саидови 19-сола, бародарӣ ӯ Саидавлиё Саидови 17-сола ва Суҳроб Бақоеви 20-сола боздошт шудаанд.

Дар гузориши телевизионии ВКД дар шабакаи «Тоҷикистон» қайд шуд, ки ҷанҷол аз муноқиша миёни Афғон Саидов ва Суҳроб Бақоев сар зада, сипас Афғон ва Саидавлиёи мусаллаҳ бо корду таппончаи пневматкиӣ назди мағозаи «Baby Shop» меоянд.

Бақоев низ танҳо наомада, миёни ҷавонон занозанӣ сар мешавад, ки бар асари он Саидавлиё сокини 19-солаи ноҳияи Рӯдакиро захмӣ мекунад. Ҷабрдида бо якчанд захми корд дар бемористон бистарӣ мешавад.

Тибқи маълумоти ВКД, баъдан ҷавонон ҷойи ҳодисаро тарк намуда, Афғон Саидов корди дасти бародарашро гирифта, ба партовхонаи пушти ҳайкали Сино мепартояд.

Зимнан зикр гардид, ки аз рӯи ин далел алайҳи бародарон Саидовҳо ба иттиҳоми авбошӣ парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.