Имрӯз дар Қасри миллат Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид, Роҳбари нави Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид хонум Пратибҳа Меҳтаро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ карда шуд.

Эмомалӣ Раҳмон аз солгарди 25 - уми узвияти кишвар дар Созмони Милали Муттаҳид ёдовар шуда, бо қаноатмандӣ зикр кард, ки нақши ниҳодҳои Созмон, аз ҷумла Барномаи рушди он, дар раванди истиқрори сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон аҳаммияти таърихӣ дорад.

Акс аз хадамоти матбуоти Президенти ҶТ

Зимни мулоқот Роҳбари нави Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид хонум Пратибҳа Меҳта ба ҳамаи ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳалли мушкилоти глобалии сайёра баҳои баланд дода, мавқеи устувор ва нақши пешсафию пешоҳангии Сарвари давлати Тоҷикистонро дар татбиқи барномаи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсолаи Созмони Милали Муттаҳид махсус қайд кард.

Таъкид гардид, ки айни замон дар Тоҷикистон 23 бунёд, барнома ва муассисаҳои махсуси созмон амал мекунанд ва меҳвари фаъолияти онҳоро татбиқи лоиҳаву барномаҳои иҷтимоиву иқтисодии ба таъмини рушди дарозмуддату устувори кишвари мо нигаронидашуда, ташкил медиҳад.

Дар доираи ҳамкории судманд тариқи Барномаи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба дастгирии рушд - ЮНДАФ ба Тоҷикистон барои панҷ соли оянда 363 миллион доллар ҷудо карда мешавад.

Ҷонибҳо изҳори боварӣ карданд, ки Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар самти татбиқи Стратегияи миёнамуҳлату дарозмуддати рушди миллии Тоҷикистон барои давраҳои то солҳои 2020 ва 2030, инчунин дар самти амалигардонии ҳадафу вазифаҳои иқдомҳои глобалии марбут ба оби Тоҷикистон - “Даҳсолаи байналмилалии амал: Об барои рушди устувор” барои давраи солҳои 2018-2028-ро дастгирӣ хоҳад намуд. Татбиқи ин барномаҳо беҳдошти шароити зиндагии аҳолӣ, рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳифзи муҳити зист, таъмини дастрасии васеи ҳамагон ба нерӯи барқ ва пешгирии пайомадҳои офатҳои табиии вобаста ба обро дар бар мегирад.

Дар робита ба вазъи ногувори обхезӣ, селу ярч ва тармафароӣ дар баъзе минтақаҳои кишвар, ки ба талафоти ҷонӣ ва хисороти зиёди моливу моддӣ боис мегардад, таклиф карда шуд, ки нисбат ба пешгирии офатҳои табиӣ сиёсати таҳкими иқтидори миллӣ таҳия ва татбиқ карда шавад.      

Зимни мулоқот ҳамчунин масъалаҳои муҳими ҳамкорӣ дар самти татбиқи лоиҳаҳои энергетикии дорои аҳамияти минтақавӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои гидроэнергетикӣ ва дастрасии умум ба неруи барқ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар бахши маориф, барои татбиқи ислоҳоти соҳа, сохтмону ба истифода додани муассисаҳои иловагии таълимӣ ва баҳри таъмини аҳолӣ бо сатҳи баланди хизматрасониҳои таълимӣ мусоидати Барномаи рушд зарур дониста шуд.