Дар остонаи фарорасии ҷашни Рӯзи модар, ки ҳамасола дар Тоҷикистон санаи 8 март таҷлил мегардад, имрӯз дар «Кохи Борбад» Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо занону бонувони фаъоли кишвар мулоқоти судманду самимӣ доир кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни суханронии табрикии худ ба ифтихори Рӯзи модар сарвари давлат қайд кард, ки ҳукумати кишвар вазифадор шудааст, ки ҷиҳати муқаррар намудани квота ва имтиёзҳо дар зинаҳои гуногун барои занону духтарон чораҷӯӣ намоянд ва дар муассисаҳои низоми бонкӣ, хадамоти алоқа, шуғл ва дигар бахшҳои хизматрасонӣ ба кор ҷавондухтарону бонувони болаёқату соҳибкасб ҷалб карда шаванд.

Эмомалӣ Раҳмон зикр кард, ки бо мақсади мусоидат ба рушди фаъолияти соҳибкории занон Қарори Ҳукумати мамлакат “Дар бораи таъсис ва ҷудо намудани грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии фаъолияти соҳибкории занон барои солҳои 2016-2020” қабул шуда, дар ин асос тайи се сол тавассути сохторҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ қариб ба 6000 нафар занон дар ҳаҷми 18 миллион сомонӣ ёрии молиявӣ пардохта шудааст.

Зимни суханронии сарвари давлат ҳамчунин қайд шуд, ки дар низоми хизмати давлатӣ аввали соли 2017 аз шумораи умумии беш аз 19 ҳазор нафар хизматчиёни давлатӣ қариб 4200 нафар ё 22 фоизро занон ташкил дода, ҳоло 70 фоизи кормандони соҳаи маориф ва 60 фоизи кормандони соҳаи тандурустиро низ занон ташкил медиҳанд.

Зикр гардид, ки тибқи таҳлилҳо айни замон шумораи занон дар мақомоти судии кишвар 235 нафар, Прокуратураи генералӣ - 46, Вазорати корҳои дохилӣ - қариб 1500, Вазорати мудофиа - 400, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия - 24, Агентии назорати маводи нашъаовар - 36, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода - 178 нафар, Хадамоти гумрук - 107 ва Гвардияи миллӣ - қариб 300 нафарро ташкил медиҳад.

Ба гуфтаи Пешвои миллат, шумораи соҳибкорон аз ҳисоби занон беш аз 138 ҳазор нафар буда, сарварии 20 ҳазору 500 хоҷагии деҳқониро занон ба уҳда доранд.