Имрӯз дар ҳузури Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон машварати корӣ баргузор шуда, зимни машварати корӣ масъалаҳои вобаста ба омодагӣ ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат ва таҳлили ҳамаҷонибаи вазъи соҳаҳои муҳими ҷумҳурӣ дар нимсолаи авали соли 2017 мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, бо ҷалби таваҷҷуҳи ҳозирин ба муҳиммияти масъалаҳои рӯзномаи кори машварат, Эмомали Раҳмон ҷиҳати тақвият бахшидани фаъолияти Шӯроҳо ва комиссияҳои давлатию ҳукуматӣ, хусусан дар бахшҳои иқтисодӣ ва татбиқи саривақтии лоиҳаҳои сармоягузорӣ ба масъулони дахлдор дастуру супоришҳои қатъӣ дод.

Масъалаҳои дигари тақвияти тадбирҳои ободонию созандагӣ ва таъмини бозорҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо маҳсулоти хушсифати кишоварзӣ низ дар кори маҷлис баррасӣ шуда, роҳбарони вазорату идораҳо бобати таъмини саривақтии амнияти озуқаворӣ, самаранок истифода бурдани заминҳои таъиноти кишоварзӣ, иҷрои нишондиҳандаҳои барномаю нақшаҳои соҳаи кишоварзӣ, кишти такрорӣ, ҷамъоварӣ ва захираю нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ бахусус меваю сабзавот, ғалладонагиҳо ва хӯроки чорво вазифадор гардиданд.

Аз иштирокчиёни машварат таъмини иҷрои муқаррароти Қонуни ҶТн «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар ҶТ» ва истифодаи самараноки боғу марказҳои фарҳангию фароғатӣ, ҳавзҳои шиноварӣ ва дигар биною иншооти истироҳатию солимгардонӣ талаб карда шуд.

Дар анҷоми машварати корӣ Президенти мамлакат ба аъзои Ҳукумат, роҳбарони вазорату идораҳои давлатӣ ва мақомоти қудратӣ барои ҳалли саривақтии арзу шикоятҳои мардум дархосту муроҷиатҳои онҳо, наздикии бештар ба аҳолӣ, риояи ҳатмии муқаррароти қонунгузории мамлакат, таъмини фаъолияти муназзами марказу муассисаҳои фарҳангию фароғатӣ, истироҳатгоҳҳо ва иншооти варзишию солимгардонӣ дастуру супоришҳои қатъӣ дод.