Кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ҳуқуқ пайдо мекунанд, ки бидуни иҷозаи соҳибмулкон ва қарори суд ба манзили шаҳрвандон ворид шаванд.

Вакилони палатаи поёнии парлумони кишвар тағйироту иловаҳои дахлдор дар ин хусус ба қонун «Дар бораи мақомоти амнияти миллӣ»-ро маъқул шумориданд.

Ба ворид шудани кормандони КДАМ ба манзилҳои шаҳрвандон бидуни иҷоза дар ҳолатҳое ҳуқуқ дода мешавад, ки агар пайдошавии таҳдиди воқеъии содир шудани амали террористӣ, ба саломатӣ ва ҳаёти аҳолӣ хатар эҷод кардани он ва зарурати озод кардани гаравгонон вуҷуд дошта бошад.

Ғайр аз ин, дар тағйироту илова тартибу қоидаҳои истифода аз қувваи ҷисмонӣ, аслиҳа, техникаи махсус аз ҷониби кормандони мақомоти амнияти миллӣ зимни пайдошавии хатари воқеъии содир шудани амали террористӣ муқаррар карда шудааст.

Раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров мутмаин аст, ки ҳамаи тағйироту иловаҳои пешниҳодшуда пеш аз ҳама ба ҳимояи ҳаёту солимии аҳолӣ, таъмину сулҳу субот дар кишвар ва ҳамчунин сохти конститутсионӣ дар ҷумҳурӣ равона гардидаанд.

Ӯ аз рӯзноманигорон дархост намуд, ки маълумот доир ба тағйироту иловаҳои қабулшуда ба қонун дар бораи мақомоти амнияти миллиро дурусту саҳеҳ барои шаҳрвандон инъикос намоянд.

«Чунин навиштан лозим нест, ки кормандони КДАМ кадом вақте хоҳанд бидуни иҷоза ба манзили шаҳрвандон ворид мешаванд. Ба онҳо танҳо дар ҳолатҳои истисноӣ чунин ҳуқуқ дода мешавад, зеро уҳдадоранд, ки барои таъмини ҳифзи ҳаёт ва саломатии аҳолӣ ҳамаҷониба чораҷӯйӣ кунанд», - қайд кард раиси палатаи поёнии парлумон.

Шукурҷон Зуҳуров ҳамчунин хотиррасон намуд, ки дар қонунгузории ҷумҳурӣ барои зарар ба манзил ва амвол ҳангоми баргузор намудани амалиёти зиддитеррористӣ, аз ҷониби ҳукумат барои шаҳрвандони ҷуброни он пешбинӣ шудааст.