Тамоми аслиҳаву муҳимоти ҷангӣ, аз ҷумла ҳавопаймоҳои ҷангӣ ва чархболҳое, ки Тоҷикистон Русия ба медиҳад, танҳо нав хоҳанд буд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ниҳодҳои қудратии ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, ҳамаи техника нав буда, қаблан аз ҷониби низомиёни рус истифода нашудааст. «Ин миқдори зиёди техникаи авиатсионӣ, аз ҷумла ҳавопаймоҳои ҷангӣ, техникаи зиреҳпӯш, аслиҳаву муҳимоти ҷангӣ ва воситаҳои алоқа мебошад. Шумор ва навъи техникаҳо махфӣ аст», - иброз дошт манбаъ.

Хотиррасон шуд, ки ин тавофуқи таъмини Тоҷикистон бо аслиҳаву муҳимоти ҷангӣ аз ҷониби Русия барои таҷдду азнавсозии артиши Тоҷикистон дар гуфтушуниди Маскаву Душанбе зимни сафари расмии президенти Русия Владимир Путин моҳи октябри соли 2012 ҳосил шуда буд.

«Шарикон ва иттифоқчиёни мо ба хубӣ дарк мекунанд, ки аслиҳаву муҳимот ва техникаи нави ҳарбии Русия, ки ба ихтиёри Тоҷикистон дода мешавад, дар шароити густариши фаъолияти созмонҳои байнулмилалии террористӣ дар Шарқи Наздик ва Афғонистон ба таъмини амният ва сулҳу субот дар Осиёи Марказӣ ва минтақат таҳти таъсири СААД мусоидат хоҳад кард», - афзуд сарчашмаи хабар.

Ёдрас мекунем, ки чанде қабл зимни вохӯрӣ бо вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо вазири мудофиаи Русия Сергей Шойгу изҳор дошт, ки соли 2017 Русия ба фиристодани миқдори зиёди техникаи авиатсионӣ, аз ҷумла ҳавопаймоҳову чархболҳо ба Тоҷикистон шурӯъ мекунад.