Дар вохӯрӣ бо вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо вазири мудофиаи Русия Сергей Шойгу изҳор доштааст, ки соли 2017 Русия ба фиристодани миқдори зиёди техникаи авиатсионӣ, аз ҷумла ҳавопаймоҳову чархболҳо ба Тоҷикистон шурӯъ мекунад. Дар ин бора ВАО-и Русия хабар медиҳанд.

«Соли оянда марҳилаи калидии ҳамкории низомӣ-техникии мо, таҳвили аслиҳаву муҳимоти ҷангӣ ва техникаи ҳарбӣ фаро мерасад. Аз ҷумла, ин миқдори зиёди техникаи авиатсионӣ, ҳавопайаоҳо ва чархболҳо мебошад. Фикр мекунам, ки ин корҳо саривақт ва тибқи нақша ба иҷро мерасанд. Албатта, ин иқдом ба таъмину амнияту субот  дар ин минтақа мусоидат мекунад», - овардааст гуфтаҳои Шойгуро Вазорати мудофиаи Русия.

Қобили зикр аст, ки дар ин мулоқот вазирони мудофиаи Русия ва Тоҷикистон Нақшаи ҳамкориҳо миёни вазоратҳои ҳарду кишвар дар соли 2017-ро ба имзо расонидаанд.

Шойгу ҳамчунин зикр кардааст, ки Русия ба омодасозии афсарону мутахассисони воҳидҳои миёна ва хурди Вазорати мудофиаи Тоҷикистон таваҷҷуҳи бештар зоҳир хоҳад кард.

Дар навбати худ вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо қайд кардааст, ки «марзҳои ҷанубии иттиҳоди мо таҳти ҳимояи боэтимод қарор хоҳанд дошт».