Ба шаҳрвандони Тоҷикистон тавсия дода шуд, ки дар давраи аз 1 июн то 12 июли соли равон аз сафар ба шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург, Сочи ва Қазони Русия худдорӣ варзанд. Тӯли ин муддат дар шаҳрҳои зикршуда бозиҳои Ҷоми футболи конфедератсияи FIFA 2017 баргузор мешаванд.

Дар тамоми муддати баргузории ин мусобиқа маросими бақайдгирии шаҳрвандони хориҷӣ дар шароити махсус сурат мегирад.

Президенти Русия Владимир Путин фармонеро ба имзо расонид, ки тартиботи бақайдгирии муҳоҷират барои шаҳрвандони хориҷӣ дар ин давраро тағйир медиҳад. Ин фармон дар сомонаи иттилооти ҳуқуқӣ нашр шудааст.

«Бар асоси ин фармон дар ин давра ба ҳамаи хориҷиён зарур аст, ки дар муддати як шабонарӯз худро ба қайд гузоранд, - огоҳ мекунад Human Rights Center Tajikistan. - Агар шумо дар ин муддати кӯтоҳ худро ба қайди муҳоҷират гузошта натавонед, нисбати шумо андешида шудани чораҳои муҷозоти маъмурӣ имкон дорад, ки ба манъи вуруд ба Русия сабаб шуда метавонад».

Мутобиқи фармони мазкур, ҳамаи шаҳрвандони хориҷӣ, ки марзи Русияро дар давраи аз 1 июн то 12 июли соли 2017 убур кардаанд, бояд дар давоми як шабонарӯз худро ба қайди муҳоҷират гузоранд.

Ёдрас мекунем, ки тибқи созишномаҳои байниҳукуматӣ, шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба Русия мераванд, ҳуқуқ доранд, ки дар муддати 15 шабонарӯз худро дар қайди муҳоҷират гузоранд, аммо бо назардошти ин фармон, алҳол онҳо аз ин ҳуқуқ маҳрум шуданд.

Қобили зикр аст, ки муқаррароти ин фармон танҳо ба шаҳрвандоне дахл дорад, ки дар ин давра хоҳиши сафар ба чор шаҳри Русия - Маскав, Санкт-Петербург, Сочи ва Қазонро дошта бошанд.