Дар Душанбе маросими супурдани дипломҳо ба зиёда аз 80 нафар хатмкунандагони Донишкадаи Олии сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он Роҳбарияти КДАМ ҶТ, Фармондеҳӣ Қушунҳои сарҳадӣ, намояндагони гурӯҳи сарҳадии Хадамоти федералии бехатарии Федератсияи Россия дар Тоҷикистон, Раиси Шурои собиқадорони қушунҳои сарҳадии Тоҷикистон, устодону омузгорони Донишкадаи Олии сарҳадӣ ва падару модарони афсарони ҷавон иштирок карданд.

Ба 80 нафар хатмкунандагони Донишкадаи Олии сарҳадӣ дар баробари диплом аввалин рутбаи ҳарбии афсарӣ – лейтенант дода шуд. Хатмкунандагони омӯзишгоҳ баҳри дифои сарҳади давлатӣ ба ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон фиристонида мешаванд.

Мавриди зикр аст, ки Донишкадаи Олии сарҳадии Тоҷикистон моҳи сентябри соли 2001 бо  Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта, 25 майи соли 2004  аввалин хатмкунандагони Донишкада – 28 нафар сарҳадчии ҷавон барои муҳофизати марзу буми Тоҷикистон аз ин Донишкада роҳхат гирифтанд.

Хатмкунандагони Донишкада соҳиби маълумоти соҳавӣ ва ҳуқуқшиносӣ мегарданд. Мӯҳлати таълим дар Донишкада чор сол буда, ба хатмкунандагон рутбаи ҳарбии «лейтенант» ва дипломи маълумоти олӣ дода мешавад.

Ҳоло дар Донишкада Олии сарҳадии Тоҷикистон кафедраҳои тактикаи умумӣ, тактикаи сарҳадӣ фаъолият карда ба сарҳадбонони оянда фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ва нозукиҳои ҳарбии пешбурди хизмат дар сарҳад,  инчунин тарбия ва машқи бадан омузонида мешавад.

Дар Донишкада Олии сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳифзи боэътимоди сарҳади давлатӣ, омода ва тарбия намудани кадрҳои баландихтисос таваҷҷуҳи хосса дода мешавад.

Донишкадаи Олии сарҳадӣ бо тамоми шароитҳои моддӣ ва таълимӣ таъмин буда, аз ҷумла хобгоҳ, ошхона, толори варзишии замонавӣ, хонаи фароғатӣ ба таври замонавӣ муҷоҳозонида шудаанд. Синфхонаҳои таълимии донишомӯзон – афсарони ояндаи қӯшунҳои сарҳадӣ бо компютерҳо таъмин буда, барои аз худ намудани дарсҳои амалиявӣ ва назариявӣ шароитҳои зарурӣ муҳайё карда шудаанд.