Шоири тоҷикзабон, нависанда ва муҳаққиқ аз Ӯзбекистон Ҳаёт Неъмат Самарқандӣ панҷ сол қабл монографияи илмии худ бо забони тоҷикӣ «Фарҳанги мардумии осори Мавлавӣ»-ро барои чоп ба нашриёти «Адиб» супурд.

Тавре ба «Азия-Плюс» худи шоир хабар дод, монографияи 440-саҳифагӣ аз 1 ҳазору 350 калимаву ибораҳои рехтаи тоҷикони Осиёи Миёна иборат аст, ки шоири бузург Румӣ дар эҷодиёташ истифода кардааст ва то имрӯз ин калимаву ибораҳоро сокинони зодгоҳаш ба кор мебаранд.

«Ман исбот карданиам, ки дар муқоиса бо Эрон то имрӯз забони софи форсиро тоҷикони Осиёи Миёна нигаҳдорӣ кардаанд», - таъкид дошт шоир.

Ӯ қайд кард, ки муддати 5 сол нашриёти «Адиб» ва Вазорати фарҳангӣ Тоҷикистон барои чопи моногафияи ӯ маблағ пайдо карда наметавонанд. «Ду моҳ пеш 73-сола шудам ва умедворам, ки то охири соли ҷорӣ ин мушкилот ҳаллу фасл мешавад», - изҳори умедворӣ кард ӯ.